ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЧАРХАДУЗД ДАР ДУШАНБЕ БО КУМАКИ ВИДЕОИ ШАҲРВАНДОН ДАСТГИР ШУД

Чанде пеш дар Интернет видеои лаҳзаи дучархаро дуздидани як ҷавон нашр шуд. Маркази матбуоти РВКД Душанбе  рӯзи 22 апрел хабар дод, ки кормандони милитсияи пойтахти Тоҷикистон бо кумаки шаҳрвандон тавонистаанд ин дуздро муайян ва дастгир карда, як силсила ҷиноятҳои дуздиро ошкор кунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, кормандони милитсия муайян кардаанд, ки ҷавони дар навор инъикосёфта шаҳрванд Зоитов Рустам Фурқатович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ мебошад.
Дар иттилоия гуфта мешавад:  “Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар 3-ҳолати ҷинояти дуздӣ даст дошта, дучархаҳои шаҳрвандонро бо роҳи пинҳонӣ тасарруф намудааст, ки дар умум ба ҷабрдидагон ба маблағи 6-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.   Аз ҷумла, санаи 26-уми январи соли 2022 ӯ  як адад дучархаи сокини пойтахтро аз амборхонаи манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Мир, ки арзишаш 3-ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст”.

Феълан Рустам Зоитов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.  Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Милитсияи Душанбе бо тавсиф аз ҳамкории шаҳрвандон дар кушодани гиреҳи ҷиноятҳои дуздии дучархаҳо гуфт: “Мақсад аз татбиқи ислоҳоти милитсия пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ ва ба даст овардани эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти милитсия мебошад. Маҳз натиҷаи чунин ҳамкориҳост, ки имрӯзҳо шаҳрвандон бо мушоҳидаи ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб худро бетараф нагирифта, ҷиҳати таъмини тартибот ва барқарорсозии волоияти қонун бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ мекунанд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button