ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БАРОИ ДУЗДӢ БА МАБЛАҒИ 160 ҲАЗОР СОМОНӢ

ВКД Тоҷикистон аз боздошти як зани 41-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми дуздии молу ашёҳои рӯзгор ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ (!!!) аз манзили як сокини ин ноҳия хабар дод.

Ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза марди 69-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки дар давоми аз моҳи октябри соли 2021 то моҳи феврали соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо молу ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 160 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
ВКД гуфт, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.
Нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button