ВидеоҶомеа

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР 20 РӮЗИ АВВАЛ АЛАКАЙ 50 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ

Маркази матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон  рӯзи 22 апрел хабар дод, ки дар 20 рӯзи аввали даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ нақшаи даъват дар саросари ҷумҳурӣ алакай 50 фоиз иҷро шудааст. Баъди 10 рӯзи аввали даъват вазорати мудофиа дар бораи 40% иҷро шудани нақша ҳисобот дода буд. Даъвати баҳорӣ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом мекунад.

Вазорат даъвати баҳориро “чорабинии муҳими сиёсӣ” номида, хабар дод, ки ин маърака “дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташакилона идома дорад”.

 Қарори маълум, дар байни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳом ҷумҳурӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  алакай дар нахустин рӯзи даъвати шаҳрвандон аз 100% иҷро шудани нақшаи даъват ҳисобот дод.

Баъди 20 рӯзи даъват пас аз ВМКБ, дар ҷумҳурӣ чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе пешсаф буда, то шоми 20 апрел нақшаи даъвати баҳорӣ дар пойтахт 60 фоиз иҷро шудааст.

Иҷрои нақша дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ наздик ба 60 фоиз, дар вилояти Хатлон зиёда аз 50 фоиз ва дар вилояти Суғд бошад, давоми 20 рӯзи сипаригардида аз оғози даъвати баҳорӣ наздик ба 40 фоизро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки  аз маҷмӯи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор нақшаи даъватро ба итмом расонида, аз ноҳияҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, 5 ноҳияи водии Рашт: ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод низ аз иҷрои нақша пурра гузориш доданд.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава” –шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button