ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗАИ 5-БАЛЛӢ ШАРҚИ ТОҶИКИСТОНРО ТАКОН ДОД

Шаби 20 апрели соли 2022, соати 03:44 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон як заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер 5 балл рух додааст. Бино ба гузориши марказҳои зилзиланигорӣ, маркази ин офати табиӣ дар 22-километрии ҷанубу шарқи Рашт ва 170-километрии шарқи Душанбе ҷойгир шуда буд.

Дар бораи кадом хисороте дар натиҷаи ин заминларза гузоришҳо ба даст нарасидаанд. Вале ба гуфтаи сокинон ҷунбидани заминро нафақат дар водии Рашт, балки дар дигар гӯшаҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин дар Ӯзбекистони ҳамсоя ҳис кардаанд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ танҳо дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд, дар як моҳи охир 16 чунин заминларза ва дар як соли охир 211 чунин офати табииро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button