СОКИНИ АЙНӢ ДАР ЯК САДАМА ДАР ДАНҒАРА ҲАЛОК ШУДААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тахминан соати дувоздаҳуними шаби 19-уми апрели соли 2022 ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Сафаров Сафар Неъматович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб”, дар ҳудуди ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, автомашинаро ба чуқурии зиёда аз 150 метр чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Сафаров С.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рўи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки бино ба гузоришҳои ВКД, тайи ҳафтаи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳо дасти кам 8 нафар, аз ҷумла 2 кӯдак ва як зан, ба ҳалокат расидаанд.
Бар асоси омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи рух додани садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.