ВидеоЧеҳраҳо

ПЕШИ АҶАЛ БЕЧОРАЕМ… МАРГИ ПАИҲАМИ ДУ БАРОДАР ДАР ХУҶАНД

Дар шаҳри Хуҷанд дар байни 4 рӯз пайиҳам ду бародарро ба хок супурданд. Исломҷон Қосимов ҳамагӣ 43 сол ва Бобоҷон Қосимов 47 сол дошт. Марги паиҳами ду фарзанд нафақат падари ғамзадаи онҳо собиқадори милитсия Обид Қосимовро ғарқи мотаму андӯҳ кард, балки якбора ҷавонмарг шудани ду бародар ҳатто онҳоеро ҳам, ки Исломҷону Бобоҷонро намешинохтанд,  сахт андӯҳгину дилреш кардааст.

Марг аввал ҷони фарзанди хурдии Обид Қосимов Исломҷонро гирифт.  Исломҷон соҳибкор буд. Баъди 4 рӯз бародари калонии ӯ Бобоҷон Қосимов, ки касби падарро пеш гирифта, дар мақомоти милитсия кор мекард, низ даъвати Худовандро лабайк гуфт ва тарки ин дунё кард.

Маъмури Юсуфзод, журналисти тоҷики муқими Хуҷанд марги ин ду бародарро талафоти сангину нобаҳангом барои сулолаи дар ин гӯшаи шимоли Тоҷикистон маъруфи Қосимовҳо номид ва навишт, “ҷавонмардони асили Ватан моро тарк намуданд. Ин ҷавонмардони номбардори Ватан, садоқатпеша ба кору пайкори худ, бо қатъияту устуворӣ ва далериву ҷасорат дар хизмати Давлату Ҳукумат буданд. Эшон меҳру муҳаббат нисбат ба зиндагӣ, Ватан, зебоиҳои ҳаёт, меҳри падару модар, ҳамсару фарзандон, бародарон ва рӯзгори ободу озоду осудаи халқу миллат доштанд. Мутаассифона дар назди аҷал, чанголи бераҳмонаи МАРГ ҳамагон оҷизем.

Маъмури Юсуфзод менависад, марги Исломҷон Қосимов дар синни 43 ва Бобоҷон Қосимов дар синни 47дилҳои ҳамагонро реш кард.

“Талафоти якбора ду фарзанд барои падари хонадон Обид Қосимов ва аҳли хонадон зарбаи ҷонсӯзу дарнокест, тасвирнопазир мебошад, ки мавсуф бо ашкҳои резону қалбҳои реш-реш ва ҷигарҳои пора-пора фарзандони ҷасури ғаюри хешро бо дастони худаш ба хонаи охираташон гусел намуданд. Барояшон сабри ҷамилро хоҳонем!

Руҳатон шод, ёдатон гиромӣ ва ҷоятон ҷаннат бод, ҷавонмардони асили Ватан!”, – навиштааст Маъмур Юсуфзод.

Садҳо нафар дар зери хабари марги ин ду бародар ба падар ва наздикони мотамзадаи онҳо изҳори ҳамдардӣ ва андӯҳ карда, даст ба дуо кушодаанд, ки Худованд равони рафтагонро шод ва макони охираташонро Ҷаннат гардонад.

Бобоҷон ва Исломҷонро дар Хуҷанд дар канори модарашон, ки ҳамагӣ як сол пеш аз олам чашм пӯшида буд, ба хок супурданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button