ВидеоҲуқуқи инсон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН СЕ ДОДРАСРО АЗ МАҚОМ БАРКАНОР КАРД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 апрел бо судури як фармон се додрас (судя)-ро аз мақомҳояшон барканор кард.

Дар фармон омадааст, ки “Меҳмон Аловиддин Бозгул бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи раиси суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад”.

Ҳамин тавр Раҳимзода Абдусалим аз вазифаи судяи суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Умарзода Ирода Бахтиёр аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сабаби вазъи саломатӣ озод карда шуданд.

Низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада ба шумор меравад. Ҳар сол президент чандин фармони барканории судяҳо бо далели “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”-ро содир мекунад.

Тоҷикистон дар умум дар қатори кишварҳои аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифтааст. Созмони Transparency International моҳи январи соли 2022дар гузориши солонааш Тоҷикистонро аз лиҳози сатҳи коррупсия дар байни 180 кишвари дунё дар мақоми 150-ум ҷой дода буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button