Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ аз боздошти як корманди қаблан баландпояи Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод.
Сарҳанг (полковник) Зокир Назарзода , ки то чанд моҳи пеш сардори раёсати корҳо ва ободонии Додситонии кул буд, ба гуфтаи манобеи Озодӣ, расман ба “аз худ кардани маблағҳои давлатӣ” гумонбар мешавад.
Дар хадамоти матбуоти Додситонии кул рӯзи 20-уми апрел хабарро тасдиқ ё рад накарданд. Намояндагони ин ниҳод гуфтанд, ба суолҳо танҳо ба воситаи мактуби расмӣ посух хоҳанд дод.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтаанд, Зокир Назарзода баъди он боздошт шуд, ки гӯё “дар як маҳфил додситони кул Юсуф Раҳмонро таҳқир кардааст”. Тасдиқи ин иддао тавассути манобеи дигар, аз ҷумла аз тариқи манбаъҳои расмӣ имконпазир нест.
Дар ҳоле ки мақомот шарҳ намедиҳанд, яке аз наздикони Зокир Назарзода бо шарти зикр нашудани номаш боздошти ӯро “қасосгирӣ” номидааст. Вай гуфт, “Назарзода ҳеч гуноҳ надошт. Ӯро ноодилона аз кор ҷавоб доданд ва баъдан парвандаи ҷиноӣ боз карданд.”
Бино ба иттилои Озодӣ, тафтиши парвандаи полковник Назарзодаро раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кул пеш мебарад. Вале, меафзояд ин нашрия, маълум нест, дар пайванд ба “таҳқири намояндаи давлат” низ нисбат ба ӯ парванда кушодаанд ё на?
Тафсилоти дигари ин қазия феълан дастрас нест.