ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРИ ВЕЛОСИПЕДСАВОР ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БА ДАСТ АФТОД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони сокини ноҳияи Ҷайҳун бо иттиҳоми ғоратгарӣ хабар дод.

Бино ба иттилои мақомот, ба  шуъбаи милитсияи ноӽияи Ҷайӽун бо ариза марди 37-солаи сокини ноӽияи Панҷ муроҷиат намуда, хабар додааст, ки 17-уми апрели соли 2022, тахминан соати 16:00, як шахси ношинос бо дучарха ба наздаш омада, бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо зӯроварӣ аз дасташ телефони мобилии тамғаи «Редми»-ро ошкоро тассаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 2 600 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ҷавони 21-солаи сокини ноӽияи Ҷайӽун ӽамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. Ба ин ҷавон бар асоси моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон то 10 соли зиндон таҳдид мекунад, зеро ғоратгарӣ дар қонунгузории ҷиноятӣ ҳамчун ҷинояти вазнин арзёбӣ мешавад ва барояш ҷазоҳои шадид пешбинӣ шудааст.
Оид ба ин ӽолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button