ВидеоМуҳоҷирон

БОБОИ ТАРБУЗФУРӮШ: БОЗДОШТИ 600 МУҲОҶИР ДАР ДУ РӮЗИ РЕЙД ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ (ВИДЕО)

Тайи ду рӯзи рейди пулиси вилояти Свердловски Русия дар маконҳои будубоши муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар ҳудуди ноҳияи Железнодорожнийи шаҳри Екатеринбург, маркази минтақаи Урал, беш аз 600 муҳоҷирро дастгир карда, ба шуъбаҳои пулис бурдаанд.

Валерий Горелих, сухангӯи пулиси вилояти Свердловск рӯзи 20 апрел ба нашрияи маҳаллии ЕАН (eanews.ru)  гуфт: “Бахусус шаҳрвандони сокини кӯчаҳои Пехотинци, Бебел, Билимбаев ва Миномётчики таҳти тафтиши мӯшикофона қарор дода шуданд ва тайи  ду рӯз беш аз 600 хориҷиро ба пулис оварданд. Маълум шуд, ки 42 нафари онҳо дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Онҳоро бар асоси қисми якум ва 1.1 моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия барои вайдон кардани қоидаҳои будубош ба ҷавобгарӣ кашиданд. Аз ин шумор 13 нафарро алакай ба маблағи 2 ҳазор рубл ҷарима бастанд ва бояд акнун аз Русия берун карда шаванд. То замони депортатсия онҳо дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург нигоҳ дошта мешаванд. Парвандаҳои муҳоҷирони дигари боздоштшударо додгоҳ ба зудӣ баррасӣ хоҳад кард”.

Екатеринбург ва вилояти Свердловск аз масирҳои умдаи муҳоҷирати кории зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик ба шумор меравад. Дар Екатеринбург шумори зиёди муҳоҷирон дар ҳудуди ноҳияи Железнодорожний мустақар мешаванд, чунки базаи меваю сабзавоти №4 – як макони умдаи кори муҳоҷирон дар ҳамин ноҳия ҷойгир шудааст.

Дар видеое, ки пулиси Свердловск аз ҷараёни рейди зидди муҳоҷирон нашр кард, як лаҳзаи ҷолиби боздошти муҳоҷирони тоҷик сабт шудааст. Вақте дар дохили база мошини шишаҳояш сиёҳи як бачаи тоҷикро манъ карданд, як марди ришсафед бо ду пораи тарбуз ба пеши кормандони пулис омада, бо забони тоҷикӣ гуфт, ки “инаш 600 сӯм аст, инаш 550 сӯм”. Дар ин ҳангом, ки ӯ диққати кормандони пулисро бо тарбузҳояш ба тарафи худ кашиду онҳоро ба гап гирифт, ронанда газро зер карда, фирор кард. Вале ӯро хеле зуд аз нав манъ карда, водор карданд, ки баргардад.  “Ман мехостам мошинамро тоб диҳам”, – баҳона овард ронанда.

Валерий Горелих гуфт, “ронандаро мутақоид карданд, ки бояд худаш ихтиёран плёнкаи сиёҳи шишаҳои мошинашро биканад. Ӯ фаҳмид, ки ҳақ ба ҷониби вай нест ва бидуни ягон чуну чаро амри кормандони пулисро иҷро кард”.

Сухангӯи пулис нақл кард, ки як муҳоҷири дигар эътироф кард, ки қарордоди меҳнатиашро аз ҳамин бозор бо нархи 5 ҳазор рубл харидааст, вале намедонист, ки он қалбакӣ аст.

Горелих гуфт, ин рейди дурӯза бо супориши сардори Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Свердловск генерал-лейтенант Александр Мешков  ва бо ҷалби нирӯҳои ОМОН сурат гирифта, ҳадафи асосиаш ошкор ва пешгирӣ кардани мавридҳои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират буд. Кормандони пулисро дар ин рейд ҳамчунин намояндагони Маркази мубориза бо ифротгароӣ ва бахшҳои муҳоҷират ва мубориза бо маводи мухаддир ҳамроҳӣ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button