ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ СОЛХӮРДАИ НАВГИЛЕМИ ИСФАРА ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ҶОН БОХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  хабар дод, ки шоми 16-уми апрели соли 2022, тахминан соати 18:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Сайдуллоев Нуъмонҷон, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Исфара – Лаккон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навгилем, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон, Улмасов Абдусаттор Абдуваҳҳобович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Улмасов А.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

ВКД қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 17-уми апрели соли 2022, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Дэу-Сиэло”, Ғоибов Фазллидин Сафаралиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат дар худуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, мошинро чаппа намудааст.Дар натиҷа, мусофири ин мошин, писари хурдсоли ронанда, Ифтихори Фазлиддин, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона  ҷон додааст.

Бино ба гузоришҳои ВКД, тайи ҳафтаи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳо дасти кам 8 нафар, аз ҷумла 2 кӯдак ва як зан, ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button