АфғонистонВидео

ДОИШ АЗ ҲАМЛА БА ТИРМИЗИ ӮЗБЕКИСТОН ХАБАР ДОД, ӮЗБЕКИСТОН РАД МЕКУНАД (ВИДЕО)

Ӯзбекистон иддаои созмони террористии ДОИШ дар мавриди гӯё ҳамлаи мушакиаш аз қаламрави Афғонистон ба сӯи Тирмизи Ӯзбекистонро рад кард.

Пойгоҳи SITE, ки фаъолияти гуруҳҳои тундравро пайгирӣ мекунад, иттилоъ дод, ки шохаи “Хуросон”-и ДОИШ рӯзи 18-уми апрел иддао кардааст, ки гӯё ба самти як пойгоҳи низомии Узбекистон дар шаҳри наздимарзии Тирмиз 10 мушак партофт. Дар Интернет видеое ҳам нашр шуд, ки гуфта мешавад, дар он лаҳзаи партоби мушакҳо ба самти Ӯзбекистон сабт шудааст.

Вале сухангӯи президенти Ӯзбекистон, Шерзод Асадов, шаби 18 апрел хабарҳоро дар бораи аз хоки Афғонистон мушакборон шудани марзбонони ӯзбек дар ҳудуди шаҳри Тирмиз “мутлақо беасос” хонд. Ӯ дар Телеграм навишт: “Бино ба иттилои Вазорати дифоъ ва Хадамоти марзбонии Ӯзбекистон, дар марзи кишвар бо Афғонистон амалиёти ҷангие сурат нагирифтааст ва вазъ ором мебошад.”

Сухангӯи  президенти Ӯзбекистон аз ҳама хост, ки “ба иғвоҳо дода нашаванд”.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи “СангарТҶ” бо такя ба як корманди пулиси Толибон дар вулусволии Шӯртеппаи вилояти Балхи Афғонистон, ки таҳқиқи ин ҳидисаро бар дӯш дорад, хабар дод, ки ин нахустин ҳамлаи ДОИШ ба Ӯзбекистон ба эҳтимоли ғолиб аз як манзил дар рустои Туқай, ки аҳолиаш ҳамагӣ туркмананд, анҷом шудааст.  

“Ин ҳавлӣ дар гузашта аз Ҳоҷӣ Ваҳҳоб, вакили парлумони қаблӣ буд, ки наздикии минтақаи Сари Чоҳ аст. Соли гузашта вай ҳавлиро ба як туркман аз Ғозиёни Давлатобод фурӯхт. Тақрибан як моҳи қабл як ҷавони ӯзбек, ки ба қавле, аз Мазори Шариф будааст, омада, хонаро ба 10 ҳазор афғонӣ барои ду моҳ иҷора гирифт. Як ҷавони туркман нигаҳбонаш буд ”, – гуфтааст ин корманди пулиси Толибон. Ӯ афзудааст, ҷавони ӯзбек як дастгоҳи мушакандоз сохта, дар рӯи ҳавлӣ мегузорад ва як телефонро барои сабт дар тиреза баста, субҳи барвақти 18 апрел аз хона мебарояд ва ғайб мезанад.

“Ин дастгоҳ монанд ба ВМ 12 ё тавре ки дар Афғонистон мегӯянд, 40 – мила буда, таври маълум то мошин набошад, ҳаракат додани он имкон надорад, аммо ин дастсохт аст. Тахмини мо ин аст, ки он тариқи телефон идора шудааст. Зоҳиран, ин фард вақте Мазори Шариф ё Пули Хумрӣ мерасад, дастгоҳро фаъол месозад ва ракетаҳо шиллик мешаванд”, – гуфтааст корманди пулиси Толибон.

Баъд аз хуруҷи нирӯҳои эътилофи таҳти роҳбарии Амрико аз Афғонистон ҳамлаҳои ҷангҷӯёни ДОИШ дар ин кишвари ҷангҷзада афзоиш ёфт. Амрико моҳи феврали соли 2022 барои маълумот дар бораи раҳбари ДОИШ дар Афғонистон Саноуллоҳ Ғаффорӣ (Шаҳоб ал-Муҳоҷир) 10 миллион доллар ҷоиза таъин кард.

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида гуфт, Ғаффорӣ дар моҳи июни соли 2020 раҳбари ДОИШ таъин шуда, масъулияти тасдиқи амалиёти ҷангҷӯёни ин гуруҳро дар саросари Афғонистон ва ҳамчунин масъулияти маблағгузории ин ҳамлаҳоро бар дӯш дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button