ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ТАБИБИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ  БАЪДИ ХАТНАИ ЯК КӮДАК (ВИДЕО)

Падару модари кӯдаки якмоҳае, ки баъди дар хона анҷом додани маросими хатнааш дар ҳолати кома (беҳушӣ) ба бемористон афтод, дар як видео ба РЕНТВ нақл карданд, ки барои хатнаи фарзандашон табиберо киро карда буданд, ки аз Тоҷикистон ба Русия барои таҳсил омада буд. Ба гуфтаи ин ду муҳоҷири тоҷик, табиб онҳоро итминони хотир додааст, ки хатнаи фарзандашонро дуруст анҷом хоҳад дод. Ба гуфтаи модари тифли навзод, ҳангоми ба кӯдак гузарондани лидокаин кӯдакрро аллергия фаро гирифт ва ӯ ба кома афтод.

Ин кӯдак то ҳол дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор дорад. Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми хидматрасоние, ки ҷавобгхи қоидаҳои бехатарӣ нест, парвандаи ҷиноятӣ кушода, табиби тоҷикро дастгир кардаанд. Комсомольская правда”  қаблан хабар дод, ки ин табиб Раҳматулло Додхудоев ном дошта, 30 сола аст.

Тавре қаблан хабар додем, тифли навзоди тоҷик дар шаҳри Маскав баъди хатна дар ҳолати вазнин ба бемористон афтодааст.  Бино ба иттилои манобеи нашрияи kp.ru (“Комсомольская правда”), волидони ин кӯдаки якмоҳа хостаанд, ки маросими хатнаи фарзандашонро дар хона анҷом диҳанд, вале аҳволи ӯ ҳангоми анҷоми ин ҷарроҳии сода якбора бад шудааст.

“Як хонаводаи муҳоҷирони тоҷик табибро барои хатнаи писари навзодашон ба хона даъват кардаанд. Вале ҳангоми хатна аҳволи кӯдак бад шудааст. Шояд ин кӯдак ба дорувори ҳангоми хатна истифодашуда аллергия доштааст” – хабар додаанд ба хабарнигори “Комсомольская правда”.

Ба гуфтаи онҳо, рангу рӯи кӯдак якбора кабуд шуда, ӯ аз нафаскашӣ мондааст. Кӯдакро ба як азоб ба ҳуш оварда, сипас ба бемористон бурдаанд. Ҳоло табибон барои наҷоти ҷони ӯ талош доранд.

Ин кӯдак рӯзи 19 март ба дунё омада, тоза якмоҳа мешуд.

Муфаттишон ба таҳқиқи ин қазия пардохта, табиби хатнакун ва падари кӯдакро бозпурсӣ мекунанд. Онҳо аз ҷумла бояд муайян кунанд, чаро волидони кӯдак хатнаи фарзандашонро дар шароити хона анҷом доданӣ шудаанд. Тафтишот бояд инро ҳам маълум кунад, ки оё табиби даъватшуда барои анҷоми чунин ҷарроҳӣ тахассус дошт ё на?

Юлия Иванова, сухангӯи раёсати тафтишоти шаҳри Маскав ба “Комсомольская правда”  гуфта буд, “дар робита ба ин ҳодиса санҷиш идома дошта, масъалаи кушодани парванда дар дасти баррасӣ қарор дорад”.

“Комсомольская правда” бо такя ба манобеи худ хабар додааст, ки табиби барои хатна даъватшуда Раҳматулло Додихудоев ном ва 30 сол дошта, дар ҳақиқат дар Тоҷикистон дар риштаи ҷарроҳӣ таҳсил кардааст. Вале ҳанӯз рӯшан нест, ки оё ӯ ҳаққи фаъолияти табибӣ ва аз ҷумла ҳаққи анҷоми ҷарроҳиҳое, ба мисли хатнаро дошт ё на?

Хатнаи писарон дар байни халқҳои гуногун, асосан дар байни мусалмонон ва яҳудиён як анъанаи роиҷ ба шумор меравад. Дар бархе кишварҳо, аз ҷумла дар Миср духтаронро низ хатна мекардаанд. Маъмулан хатнаи кӯдаконро баъди каме болиғтар шудани онҳо, вале на дертар аз расидани онҳо ба синни 12 анҷом медиҳанд. Вале вақтҳои охир дар ҳафтаҳои аввали баъди таваллуди кӯдак анҷом додани хатнаи онҳо роиҷтар шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button