ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ БАРОИ ҚАТЛИ МУШТАРИИ ҚАҲВАХОНА

Як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро рӯзи 17 апрел баъди 8 моҳи фирораш дар шаҳри Маскав бо иттиҳоми даст доштан дар қатли як муштарӣ дар қаҳвахонаи “Оазис” дар шаҳри Киренски вилояти Иркутск дастгир карда, алакай ба вилояти Иркутск интиқол додаанд. Киренск дар 930-километрии шимолушарқи шаҳри Иркутск ва 580-километрии шарқи Братск ҷойгир шудааст.

Раёсати тафтишоти вилояти Иркутск  рӯзи 19 апрел хабар дод, ки ин зодаи Тоҷикистонро дар Маскав кормандони пулиси вилояти Иркутск дастгир кардаанд.

Назари худи боздоштшуда дастрас нест, вале бино ба фарзияи тафтишот, шаби 16 августи соли 2021 дар қаҳвахонаи “Оазис” байни ду гуруҳи мардон муноқиша рӯй дод. Дар ҷараёни ин муноқиша, ки дар кӯча идома ёфт, як марди 34-соларо бо чанд зарбаи корд куштанд.

Дар ин куштор се нафарро гумонбар медонанд. Яке аз онҳо: соҳиби қаҳвахонаро билофосила ҳамон шаб ва гумонбари дуюмро баъди 6 моҳ дар шаҳри Красноярск дастгир карданд.

Вале гумонбари сеюм, шаҳрванди Тоҷикистон тавонист фирор кунад ва ба ин далел, таҳти ҷустуҷӯи федералӣ қарор дода шуд. Ба тафтишот муяссар шуд, маълум кунад, ки ӯ то ҳол дар Русия қарор дошта, дар шаҳри Маскав пинҳон шудааст.

Баъди интиқолаш ба вилояти Иркустк дастгиршударо ба ҳабси пешакӣ андохтаанд. Ба ин тартиб, ҳарсе гумонбар алакай дар дасти мақомот қарор доранд.

Бино ба омори расмии ФСИН – Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия, то аввали соли 2021 дар зиндонҳои ин кишвар беш аз 7 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд ва беш аз 1200 муҳоҷири дигари тоҷик дар боздоштгоҳҳои Русия таҳти тафтиш қарор доштанд.

Бар асоси ҳисобҳои ғайрирасмӣ, тақрибан чоряки ин зодагони Тоҷикистон  дар Русия барои ҷиноятҳои марбут ба вайрон кардани қоидаҳои будубош, асосан барои тақаллуби аснод, маҳкум ба зиндон шудаанд. Тақрибан чоряки дигар аз ин 7 ҳазор зиндонии тоҷик барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир пушти панҷара рафтаанд. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон – тавлидкунандаи асосии ҳероину афюн ва ҳашиш беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад, солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи “маводи мухаддири афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра ва асосан ба бозори сиёҳи Русия табдил ёфтааст.

Вале дар байни тоҷикистониҳои дар Русия зиндонишуда онҳое ҳам ҳастанд, ки барои даст доштан дар садамаҳои марговар ва ҷиноятҳое, чун дуздӣ, ғоратгарӣ ва куштор маҳкум шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button