ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

19-20 АПРЕЛ ДАР ТОҶИКИСТОН БОРОНУ ЖОЛА БОРИДА, РАЪДУ БАРҚ ВА ТИРУКАМОН МЕОЯД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки бино ба пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои 19-20 апрели соли 2022 дар бархе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои кӯҳдомани вилояти Хатлон ва кӯҳистони вилояти Суғд боришоти шадид, раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад.

Интизор меравад, ки бар асари боришот сатҳи об дар дарёҳоии Ёхсӯ, Қизилсӯи ҷанубӣ ва Вахш  боло биравад.

Рӯзи 20 апрел дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд рехтани жола ва дар бархе ноҳияҳои кӯҳдоман ва кӯҳистони тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон рехтани жола пешбинӣ карда мешавад.

Дар натиҷаи боришот ва боло рафтани сатҳи об дар дарёҳо хатари селу обхезӣ ва фурӯ рехтани тармаю сангрезҳо бештар мешавад. Гуфта мешавад, обу ҳавои номусоид чаронидан ва нигоҳ доштани чорворо дар чарогоҳҳо мушкил мегардонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин робита аз сокинон хостааст, ки ба хотири пешгирӣ аз оқибатҳои селу обхезиҳо ҷӯю сойҳо ва роҳҳои селпарторо дар атрофи хонаҳои худ тоза кунанд.

Ҳамчунин аз аҳолӣ хоста шудааст, ки ба соҳили кӯлу дарёҳо ва ба моҳигирӣ нараванд.

Аз сокинон ҳамин тавр хостаанд, ки аз сафар ба кӯҳҳо барои чидани занбурӯғу чукрию сиёҳалаф ва гиёҳҳои дигари худрӯй ҳаддалимкон худдорӣ карда, чораҳои бехатариии шахсиро қатъиян риоя кунанд ва ба кӯдакон таваҷҷуҳи вижа дода, фарзандонашонро танҳо нагузоранд.

Аз ронандагон ҳам тақозо шудааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус суръат ва фосиларо қатъиян риоя кунанд ва ҳаддалимкон шабона бо мошин ба сафар набароянд.

Дар сурати пеш омадани ҳолатҳои фавқулодда аз ҳама хоста шудааст, ки бо рақами  112 ваё ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ин ду рақам занг бизананд:

93 880 28 19,

(37) 223 13 11.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button