ВидеоМуҳоҷиронЧеҳраҳо

ҚАНОТИ МУҲОҶИРОН РАФТ… МАРГИ ДОКТОР АМИНҶОН ДАР ШАҲРИ ОРЕНБУРГ

Аминҷон Шарипов, табиби шинохтаи тоҷик, ки қариб 20 соли охир дар шаҳри Оренбурги Русия кору зиндагӣ мекард, рӯзи 16 апрел дар хонааш бар асари сактаи қалб (инфаркт) аз олам чашм пӯшид. Марҳум ҳамагӣ 55 сол дошт ва аз ӯ 6 фарзанд ятим монд. Писари хурдии доктор Аминҷон имсол Академияи дипломатии Русияро хатм мекунад.

Ба гуфтаи наздиконаш, ҷанозаи доктор Аминҷонро рӯзи 18 апрел ба Тоҷикистон меоранд.

Аминҷон Шарипов 20 августи соли 1966 дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, Донишкадаи тиббии  Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст. Аминҷон Шарипов соли 2003 ба Русия кӯчид ва дар шаҳри Оренбург ба табобати мардум идома  дод.

Дар сомонаи “Про Докторов” корафтодагон аз Аминҷон Шарипов ҳамчун табибе ёд кардаанд, ки ҳамеша ханда дар лаб дошт ва хеле хушмуомила буду бо чеҳраи боз ва хеле муаддабона  бо мардум муносибат мекард.

Муҳоҷирони тоҷик Аминҷон Шариповро як қаноти худ дар Оренбург медонистанд ва имрӯз ин як қаноати худро аз даст доданд.

Онҳо мегӯянд, доктор Аминҷон ба муҳоҷирони тоҷик хеле дилсӯзӣ мекард ва аз ин рӯ, ҳамаи зодагони Тоҷикистон ҳар боре ки мариз мешуданд, чӣ шабу чӣ рӯз, ҳамеша ба суроғи доктор Аминҷон мерафтанд ва ӯ низ ҳамеша ба кумаки онҳо мерасид ва то дами ба пояш пурра рост шудану пурра шифо ёфтани муҳоҷирони мариз аз болои сари онҳо дур намешуд.

Дӯстонаш мегӯянд, доктор Аминҷон як нафари дилсӯзи миллат буд ва ҷонашро барои мардуми худ ҳеҷ гоҳ дареғ намедошт.

Ин муҳаббату алоқаи беандозаи Аминҷон Шарипов ба Ватанаш аз матлабҳое, ки ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук мегузошт, низ ҳувайдост. Яке аз охирин навиштаҳои ӯ дар саҳифааш ин ҷумла аст, ки дар зери таронаи “Қишлоқаки ман бӯи чапотӣ дорад” дар иҷрои овозхони зиндаёд Қурбоналии Абдулло навиштааст: “Бӯи очара ва кулчаҳои модара дар мусофират ҳамин хел мефаҳмӣ, бародар. Бошӣ дар дар дили мо, Қурбони ҷун...”

Бино ба нақли дӯстонаш, доктор Аминҷон бори охир моҳи ноябри соли 2021 ҳамроҳи писари хурдиаш ба зодгоҳаш, ноҳияи Мастчоҳ омад ва ваъда дода буд, ки баҳор боз ба Ватан меояд.

Доктор Аминҷон, ки ҳамеша ба ваъдаҳои худ устувор буд, ин дафъа ҳам ба ваъдааш вафо кард. Ӯ рӯзи 18 апрел боз ба Ватан бармегардад. Вале ин бор барои онки дар оғӯши Ватани азизаш, ки ин қадар барои он месӯхт, ба хоби абад биравад.

Равонат шод ва охиратат обод бод, доктор Аминҷон!

Мирзохайдар Умарзод

Сад доду бедод аз дасти аҷал! Чи хабари мудҳише. Бовар нокарданист! Чанд рӯз симояшро дар шабака дида будам ва гуфтугӯ дар олами маҷоз доштем… Афсӯсу дареғ!Дӯст ва бародари ҷавонмардам, ки садҳо нафаронро аз марг наҷот медод, худ пеши марг оҷиз монд. Моро тарк кард. Ба ҷавори Ҳақ пайваст. Худо доност ва мо пеши амру фармони Ӯ оҷизем ва Ӯст, ки бахшоянда ва ситонандаи ҷонҳост.Руҳат шоду хонаи охиратат обод бод, дӯсти ҷавонмаргам. Имони кулл ба адолати Худои меҳрубон дорам, ки ҷойгоҳи туро дар фирдавси биҳишт гузоштааст. Ба аҳли хонадонат,. фарзандону наберагону пайвандонат аз даргоҳи Худои додор сабри ҷамил мехоҳам.

Падруд, эй дӯсти покзамир. Дидор дар қиёмат!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button