ВидеоФарҳанг

ФАРЗОНАИ ХУРШЕД БА ПАДАРАНДАРАШ МОШИНИ “МЕРСЕДЕС” ТУҲФА КАРДААСТ (ВИДЕО)

Ютуб-канали SM NEWS хабар дод, ки овозхони 32-солаи тоҷик Фарзонаи Хуршед ба падарандараш Пӯлод Шаропов мошини “Мерседес” туҳфа кардааст. Фарзона дар саҳифааш дар Инстаграм навиштааст: “Туҳфаи маро дар рӯзҳои нағз ронед, акаҷон. Ош шавад!”

Пӯлод Шаропов низ дар саҳифааш дар Инстаграм бо нашри акси мошини  рангаш сиёҳи “Мерседес”, ки ба ҷои рақамҳояш “Фарзонаи Хуршед” навишта шудааст, ба духтарандараш изҳори ташаккур карда навиштааст: “Ташаккур барои туҳфа”. Фарзона билофосила посух додааст, ки “насиб кунад, акаҷон!”

Модари 65-cолаи Фарзонаи Хуршед Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова моҳи сентябри соли 2020 бо Пӯлод Шаропов, ки аз ӯ хеле хурд буд, издивоҷ кард. Расонаҳо навиштанд, ки шавҳари наваш аз Сурайё 31 сол ҷавонтар аст, вале худи Пӯлод Шаропов он вақт ба “Азия Плюс” гуфт, фарқи синни онҳо 18 сол аст. Пӯлод Шаропов ҳамчун гуфта буд, ки ӯ варзишгар ва соҳибкор мебошад, вале дар бораи чӣ тиҷорате доштани ӯ маълумоти зиёде дастрас нест.

 Ин издивоҷи сеюми Сурайёи Қосим буд ва он вақт дар ҷомиа сару садои зиёде ба по кард. Бархе овозхонро барои издивоҷ бо марди аз худаш хурд накӯҳиш карданд, вале гуруҳи дигар бо таъкид ба ин ки “ишқ пирию ҷавонӣ надорад” ба овозхон дар зиндагии шахсиаш бахту саодат орзу карданд.

Сурайё Қосимова, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон,  22 апрели  соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ аз шавҳари аввалаш Назирмад  ду духтар – Рӯзигул ва Шабнамро дорад ва аз шавҳари дуюмаш – Хуршед Рабиев низ ду фарзанд дошт – Фарзонаи Хуршед ва писари ягонааш Эмомалиҷон, ки соли 2017 дар синни 16 вафот кард. Худи Хуршед Рабиев, ки дар ВКД кор мекард, соли 2013 аз олам чашм пӯшид.

Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед пешаи модарро пеш гирифтанд ва ҳоло ҳарду аз ҳунармандони матраҳи эстрадаи тоҷик ба шумор мераванд. Вале Рӯзигул хонашин аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button