ВидеоТоҷикистон

ВИДЕОИ ДУЗДИИ 40 ҲАЗОР ДОЛЛАР (!!!) АЗ ЯК МАҒОЗА ДАР ФАРХОР

ВКД Тоҷикистон дар шумораи  навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” видеои ду наврасеро нашр кард, ки бо иттиҳоми дуздии беш аз 40 ҳазор доллар аз як мағоза дар ноҳияи Фархор  боздошт шудаанд. Яке аз гумонбарон 18 ва дуюмӣ ҳамагӣ 17 сол доранд.

Бино ба гузориши Офоқ Қодириён, подполковники милитсия ва сухангӯи РВКД вилояти Хатлон,  кормандони шуъбаи милитсияи ноҳияи Фархор дар асоси аризаи сокини ноҳияи мазкур оиди аз ҷониби шахсони номаълум дуздидани беш аз 40 ҳазор доллараш ба тафтиши ин қазия пардохта,  зимни пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду наврас аз деҳаи Деҳқонободро бо гумони даст доштан дар ин дуздии гӯшношунид дастгир кунанд.

Дастгиршудаҳо Раҳматов Бахтиёр, соли таваллудаш 2004 ва Файзализода Фирдавс, соли таваллудаш 2005, сокинони деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор мебошанд.
Бино ба гузориши Офоқ Қодириён, “дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки ин ду нафар шаби 15 марти соли равон бо маслиҳати пешакӣ, ки мақсадашон дуздии молу ашёҳои мағозаи шаҳрванд Гулов Холназар, сокини ноҳия Фархор буд, роҳ ба ҷониби хонаи соҳибмулк мегиранд. Номбурдагон аз набудани одамони гирду атроф истифода намуда, вориди саҳни ҳавлии шаҳрванд Гулов Холназар гашта, аз он ҷо бо як адад оҳани дарозшакл гирифта, қулфи дари мағозаро шикаста, ғайриқонунӣ ворид мегарданд. Сипас аз дохили мағоза ба миқдори 200 сомонӣ тангаҳои оҳанин, 15 ҳазор сомонӣ, 40 ҳазору 150 доллари ИМА ва 1 адад телефонии мобилии тамғаи «Нокия»-ро, ки арзишаш 150 сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд, ки бо ин кирдори ҷинояткоронаашон ба ҷабрдида ба маблағи 690.000 сомонӣ зарари махсусан калон мерасонанд”.
Фирдавс Файзализода дар ин гузориш кори онҳо будани ин дуздиро эътироф кард ва гуфт: “Маблағҳоро гирифта, байни худ тақсим кардем ва баъд ҳар кадом ба хонаҳои худ рафтем”.

Дар шуъбачаи тафтишотии милитсияи ноҳияи Фархор нисбат ба  ин ду  гумонбар бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ  оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин банди қонун барои дуздӣ  ҳамчун ҷазо аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале ҷазо барои онҳое, ки ба синни 18 нарасидаанд, нисбатан сабуктар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button