ВидеоҶомеа

ТАҚРИБАН 70 ҲАЗОР СОКИНИ ТОҶИКИСТОНРО ШАРОБӢ БАРОВАРДААНД

Ширкати байналмилалии Abbeycare’s  раддабандии сатҳи майзадагӣ дар кишварҳои ҷаҳонро нашр кард. Тоҷикистон дар ин раддабандӣ, ки 182 кишварро дар бар мегирад, аз лиҳози сатҳи вобастагии аҳолиаш ба машрубот дар байни мардон зинаи 102-юмро ба даст овард ва дар байни занон – зинаи 92-юмро.

Ба ҳисоби коршиносони Abbeycare’s, сатҳи вобастагӣ ба нӯшокиҳои спиртӣ дар байни аҳолии марди Тоҷикистон 2,57% ва дар байни занон 0,29%-ро ташкил медиҳад. Яъне аз ин рақамҳо бармеояд, ки дар Тоҷикистон беш аз 60 ҳазор мард ва беш аз 7 ҳазор зан мӯътоди маю шароб шудаанд.

Бо ин нишондиҳандаҳо Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар байни мардон ва ҳам дар байни занон дар зинаи сеюм меояд. Ду ҷои аввалро дар минтақа ҳам дар байни мардон ва ҳам дар байни занон Қазоқистону  Қирғизистон соҳиб шудаанд ва сатҳи аз ҳама пасти вобастагии сокинон ба машрубот дар Ӯзбекистону Туркманистон  мушоҳида шудааст. Қазоқистон дар байни мардон дар саросари ҷаҳон низ аз кишварҳои “пешсаф” дониста шуда, бо 9,52% сатҳи вобастагии аҳолии мардаш ба нӯшокиҳои спиртӣ дар ҷаҳон дар мақоми 11-ум ҷой гирифтааст.

Аз лиҳози сатҳи вобастагии сокинонашон ба алкогол се ҷои аввалро дар саросари ҷаҳон дар байни мардон Русия (16,29%), Венгрия, ё Маҷористон(15,29%) ва Литва (13,35%)  соҳиб шуда,  дар байни занон — Австралия (2,61%), Русия (2,58%) ва Колумбия (2,55%) пешсаф будаанд.

Бар асоси ин омор, дар Русия тақрибан 5 миллион мард ва ҳудуди 700 ҳазор зан вобастаи арақу шароб, яъне майзада будаанд.

Вале маълум мешавад, дар дунё се кишваре ҳам ҳаст, ки ягон майзада надоранд. Сатҳи вобастагӣ ба машрубот дар се кишвари хурди ҷазираии минтақаи Уқёнусия – Палау, ҷазираҳои Маршалл ва Самоа дар раддабандӣ 0,00% баровард шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button