ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

Э.РАҲМОН БА СОКИНОНИ ИСФАРА: БА ЭҲСОСОТ ДОДА НАШАВЕД, ҲАМСОЯРО ИНТИХОБ НАМЕКУНАНД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 17 апрел дар идомаи сафари кориаш ба вилояти Суғд аз шаҳри Исфара боздид кард,  дар мулоқот бо сокинон таъйин ва аломатгузории марз, яъне ҳалли масоили сарҳадӣ бо Қирғизистонро барои мардуми Исфара “яке аз масъалаҳои асосӣ” номид, вале аз сокинони ин минтақаи ҳаммарз бо  Қирғизистон хост,  “бо ҳамсояҳои худ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек кору зиндагӣ кунанд, бо онҳо рафту омад ва ҳамкории дӯстона дошта бошанд, босабру таҳаммул бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд”.

“Зеро тибқи ҳикмати мардуми хирадмандамон ҳамсояро интихоб намекунанд”,  гуфт Эмомалӣ Раҳмон ва бори дигар таъкид кард, ки масъалаҳои марзии байни давлатҳо танҳо ва танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешаванд ва дар ин масъала роҳи дигар вуҷуд надорад. Фаромӯш набояд кард, ки мо – тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои бостонии дунё дар тӯли таърих тамоми мушкилоту масъалаҳои пешомадаро бо ақлу хирад, солориву тамкин ва сабру таҳаммул ҳаллу фасл кардаем”.

Президенти Тоҷикистон гуфт, аз соли 2002 ба ин тараф ду кишвар музокиротро барои таъйини хатти марз пеш бурда истодаанд ва дар натиҷаи 20 соли фаъолияти комиссияи марзӣ аз 987 километри сарҳади байни ду давлат то имрӯз 663,7 километр, яъне 68,4 фоизи хатти сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, танҳо 323 километраш  баҳсӣ боқӣ мондааст. Эмомалӣ Раҳмон эътироф кард, ки ҳалли масъалаҳои марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди хеле мураккаб буда, вақт ва заҳмати зиёдеро талаб мекунад.

“Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад”, изҳор дошт Э.Раҳмон.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов низ ахиран раванди музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро кунд номид , вале изҳори итминон кард, ки ӯ то анҷоми давраи президентиаш метавонад музокироти масоили марзро бо Тоҷикистон ба поён бирасонад.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР,  хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун пурра таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт байни сокинон ва марзбонони ду кишвар бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар як соли охир дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 58 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғистон ва 22 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Хунинтарин муноқиша дар ин қисмати марз дар поёни моҳи апрели соли 2021 рӯй дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии ҷумҳуриҳои муосири Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Дар поёни моҳи январи соли 2022 дар як муноқишаи дигари мусаллаҳона дар марзи Исфара бо Бодканд ду сокини Тоҷикистон кушта ва аз ҳарду тараф беш аз 20 тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳамин тавр, шаби 11 март дар як тирпарронии дигар дар марзи Чоркӯҳ бо Бодканд марзбони тоҷик Суннатулло Самадов кушта шуда, ду марзбони дигар ва чанд сокини Чоркӯҳ захмӣ шуданд.

Дар охирин тирпарронӣ дар марзи ду кишвар, ки шоми 12 апрел дар марзи ҷамоати Хистеварзи вилояти Суғди Тоҷикистон бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон  рӯй дод, марзбони тоҷик Зоир Саидумаров кушта шуд. Қирғизистон низ аз  захмӣ шудани 6 нафар хабар дод.

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Исфара   17.04.2022

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button