ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ФАШИСТҲО… ЛАТТУКӮБИ БЕРАҲМОНАИ МАҲБУСИ ТОҶИК ДАР ЯК ЗИНДОНИ РУСИЯ (ВИДЕО)

Рӯзи 15 апрел додгоҳи шаҳри Петрозаводск, пойтахти ҷумҳурии Карелияи Русия дар чорчӯби мурофиаи парвандаи сардори собиқи зиндони №9 (ИК-9) Иван Савелёв ва муовини ӯ Иван Ковалёв, ки ба латтукӯби бераҳмонаи маҳбуси тоҷик Абдувалӣ Насруллоев айбдор мешаванд, як маҳбуси собиқи ин зиндон Санавбар Хурамовро бозпурсӣ кард.

Бино ба гузориши хабарнигори нашрияи маҳаллии Губернiя Daily,  Хурамов, ки тавассути видео аз мақари пойгоҳи 201уми Русия аз Душанбе баёнот медод, гуфт, дар видеои нашршудаи лаҳзаи латтукӯби як маҳбус Савелёв ва Ковалёв ва ҳамчунин ҷабрдида Насруллоевро шинохтааст. Ӯ гуфт, баъди латтукӯби Насруллоев маҳбусон байни худ мегуфтанд, ки “ӯро чунон заданд, ки дар либосаш тар кард”.

Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна зиндонбонҳо як маҳбусро ба ҳуҷра дароварда, бераҳмона зери борони мушту лагат мегиранд. Бовар меравад, ки зиндонбонҳо Савелёв ва Ковалёв ва маҳбусе, ки латтукӯб шуд, Насруллоев мебошанд.

Хурамов Ковалёвро “мисли саг бадқаҳр” номид ва гуфт, “ӯ бе ягон асос маҳбусонро мезад”. Дар ҷараёни бозпурсӣ Хурамов Ковалёв ва Савелёвро ҳатто бо як лаҳни тунд “фашистҳо” ва “лаъинҳо” (гады) номид ва додрас Мерков ҳатто ӯро огоҳ кард, ки чунин ибораҳоро ба забона наорад, вагарна бозҷӯиро қатъ мекунад.  

Санавбар Хурамов нақл кард, ки “Савелёв ва Ковалёв ҳар рӯ ду маротиба: субҳ ва шом ба ШИЗО (ҳуҷраи ҷаримавии зиндон) меомаданд ва мусиқиро баланд монда, маҳбусонро ба роҳрав кашида мебурданд ва дар онҷо “мешикастанду медаронданд”. Онҳо маҳбусонро то даме, ки дигар аз рӯи фарш хеста натавонанд, мезаданд”.

Сардори собиқи зиндони №9 Иван Савелёв дар посух ба баёноти Хурамов ин маҳбуси собиқро “одами аз система озурда” номид.  Вале додрас Мерков ба Савелёв гуфт, ин фикри худро пеши худ нигоҳ бидорад.

Қарор аст, додгоҳи шаҳри Петрозаводски рӯзи 22 апрел боз 3 шоҳиди дигарро бозпурсӣ кунад.

Бино ба гузориши Губернiя Daily, рӯзи 25 март дар додгоҳи Петрозаводск  низ тариқи видео аз  Тоҷикистон ҷабрдида Абдувалӣ Насруллоев баёнот дод. Дар видеое, ки соли 2019 нашр гардида, асос барои кушодани парванда ба зидди роҳбарони вақти зиндони №9 шуд, маҳз лаҳзаи латтукӯби Насруллоев сабт шудааст.

Абдувалӣ Файзалиевич Насруллоев, ки ҳоло 46 сол дорад, гуфт, ки ӯ соли 2011 ба маҳбаси №9 афтод. Ӯ нақл кард, ки дар инҷо вайро зиндонбонҳо бо мушту лагат доим ва чунон сахт мезаданд, ки саломатиашро аз даст дод.

Маро ба назди Гавриленко [сардори зиндони ИК-9 дар Петрозаводск то соли 2019] бурда, сахт заданд. Ман ҳатто нафаҳмидам, ки сабаби латтукӯбам чӣ буд? Поям чунон варам кард, ки роҳ гашта наметавонистам. Маро дар сардӣ нигоҳ дошта, намегузоштанд, ки хоб равам. Ин корро ҳамеша хориҷ аз дурбини видеокамера мекарданд”,  нақл кард Насруллоев ва изи ҷароҳатеро дар рӯяш нишон дод, ки баъди вайро кӯфтани Савелёв боқӣ мондааст.

 —Ман се сол боз бемористон ба бемористон мегардам — нақл кард ҷабрдида.

— Чаро се сол боз бемористон ба бемористон мегардед?  — пурсид аз ӯ Ковалёв.

— Бо “шарофат”-и шумо! — ҷавоб дод Насруллоев.

Соли 2019 дар пайи дар Интернет нашр шудани видеои латтукӯби Насруллоев нашрияҳои Медиазона» ва «Настоящее время» дар бораи маҳбаси Петрозаводск гузориши муфассалеро нашр карданд. Ба дунбол,  ба зидди Ковалёв ва Савелёв бо иттҳоми берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд. Ба онҳо бар асоси қисми сеюми моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Русия аз 3 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба оморҳо, дар маҳбасҳои Русия беш аз 7 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд.  Аксари онҳо аз бадрафтории зиндонбонҳо шикоят мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button