ВидеоМуҳоҷирон

ШОҲНАЗАР БАРОИ ҚАТЛИ ШАБНАМ ВА ПАДАРАШ ҲОҶИҚУРБОН БА ҲАБСИ УМРБОД МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи кишвари Перми Русия зодаи Тоҷикистон Шоҳназар Шозафаровро бо ҷурми қатли бераҳмонаи ҳамсари 21-солаи ҳомилааш Шабнам ва падарарӯси 48-солааш Ҳоҷиқурбон Расулов ба ҳабси умрбод маҳкум кардааст. Ҳабси умрбод ҳадди аксари ҷазо дар Русия барои қатли ду нафар, аз ҷумла зани ҳомила, тибқи қисми дуюми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия аст ва Шосафаров ҳукмашро бояд дар маҳбаси низомаш махсус адо кунад.

Аъзои ин хонаводаи муҳоҷирони тоҷик зодагони ноҳияи Тоҷикободи Тоҷикистон буда, падару модари Шабнам тақрибан 30 сол пеш, дар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Перм кӯчида омада буданд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 3 феврали соли 2021 дар кӯчаи Есенини маҳаллаи Заостровкаи шаҳри Перм Шабнам Шозафароваи  21-сола ва падари 48-солаи ӯ Ҳоҷиқурбонро куштанд. Ҷасади оғӯшта ба хун ва сарбуридаи Шабнамро дар даруни хона ва ҷасади падарашро дар кӯча пайдо карданд. Дар ин ҷиноят билофосила домоди хонавода – шавҳари Шабнамро гунаҳкор карданд.

Бино ба фарзияи тафтишот, Шоҳназар Шозафаров он рӯз аввал дар дохили хона Шабнамро кушта, сарашро аз тан ҷудо кардааст ва сипас дар рӯи ҳавлӣ бо падари Шабнам Ҳоҷиқурбон рӯбарӯ шуда, ӯро низ бо ҳудуди 60 зарбаи корд ба ҳалокат расондааст.

Нашрияҳои маҳаллӣ хабар дода буданд, ки ҳамон рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Есенин ҳудуди 100 нафар аз зодагони Тоҷикистон ҷамъ омаданд, ки мехостанд худашон ҷазои Шозафаровро барои қатли ҳамсар ва падарарӯсаш бидиҳанд, вале пулис ӯро аз ин “самосуд” наҷот дод.

Дар ҷараёни тафтишот Шоҳназар Шозафаров ду дафъа мавриди ташхиси тиббии рӯҳию равонӣ қарор гирифт ва ҳарду ташхис ба хулосае омад, ки ҳангоми қатли ҳамсару падарарӯсаш ақлаш дар сараш буд. Худи Шозафаров дар рафти тафтишот ба гуноҳи худ иқрор карда гуфтааст, ки Шабнам мехост аз вай ҷудо шавад ва кӯдаки батнашро исқоти ҳамл (аборт) кунад, падараш ҳам аз ин тасмими ӯ пуштибонӣ мекард ва ҳамин боиси низоъи хунине шуд, ки бо чунин фоҷиа анҷомид.

Аз Шабнам ду фарзанди хурдсол – як писар ва як духтар ятим монд. Нигоҳубини онҳоро амаки Шабнам ба дӯши худ гирифт ва кӯдаконро ба Тоҷикистон бурд.

Ҷанозаҳои Шабнаму падарашро рӯзи 7 феврали соли 2021 модари мотамзадаи ин ҷавонзан барои гӯручӯб ба Тоҷикистон бурд.

Шосафаров дар додгоҳ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button