ВидеоҶомеа

ҲУКМИ ШАРТИИ СОКИНИ БОХТАР БАРОИ ҚАСДИ ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ ДУХТАРИ ТУРКМАН

Додгоҳи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо ҳукми худ аз 3 марти соли 2022 сокини ин шаҳр Маъруф Раҳмонзодаро бо ҷурми сӯиқасд ба таҷовуз ба номус ба 3 соли зиндони шартӣ бо як сол муҳлати санҷишӣ маҳкум карда, ҳамчунин ба маблағи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (32 ҳазор сомонӣ) ҷарима даст. Додгоҳ Раҳмонзодаро бар асоси  моддаҳои 32 қисми 3-138 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор шинохт.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, Раҳмонзода Маъруф Рамазон шаби 23 ба 24 январи соли 2022, дар ҳолати мастӣ  ҳамроҳи рафиқонаш Зиёев Ҳ., Самиев К. ва Раупов Н.,  бо мошини шахсиаш аз шаҳри Бохтар, бо мақсади сайру гашти шабона ба шаҳри Душанбе равон шудааст.

    Дар роҳ, Раҳмонзода М.Р. шаҳрванди Туркманистон Керимова Ойгул Ҷонгелдиевнаро, ки ӯро ҳамчун пешхизмати тарабхонаи “Эҳсон”-и шаҳри Бохтар мешинохт, дида, мошинашро нигоҳ доштааст ва Ойгулро бовар кунонидааст, ки бо вай ба шаҳри Душанбе барои сайру гашт рафта, худи ҳамон шаб боз ба хонааш оварда мерасонад.

    Раҳмонзода М.Р. Керимова А.Д.-ро ба маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бурда, мошинро дар ҷои торикӣ нигоҳ дошта, аз набудани рафиқони номбурдааш истифода бурда, дарҳои онро қулф ва мусиқиро баланд карда, дар ҳолати мастӣ, хостааст, Керимова А.Д.-ро таҷовуз намояд. Керимова А.Д. ба Раҳмонзода М.Р. муқобилият нишон дода, Раҳмонзода М.Р. аз доду фиғон ва муқобилияти Керимова А.Д. тарсида, кирдори қасдонаи худро ба анҷом расонида натавонистааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button