ВидеоМуҳоҷирон

ҲАР РӮЗ – 365 НАФАР: ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛ БОЗ 33 ҲАЗОР ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДИ РУСИЯ ШУДААНД

Дар семоҳаи аввали соли 2022 қариб 33 ҳазор зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русия гирифтаанд. Ин 23,9% ё қариб чоряки тамоми онҳоеро, ки имсол шаҳрванди Русия шуданд, ташкил медиҳад ва Тоҷикистон дар ин чемпионат”-и ғайрирасмии дарёфти шаҳрвандии Русия  баъди Украина (39,6%) ҷойи дуюмро ба даст оварда, кишварҳои боқимондаро хеле қафо гузоштааст. Ба ҳисоби миёна, имсол ҳар рӯз 365 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Соли 2021 дар умум беш аз 103 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон, ё ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 284 тоҷикистонӣ шносномаи тоҷикии худро ба шиносномаи русӣ иваз карда буд.

Рӯзи 15 апрел дар маркази матбуоти ВКД Русия дар посух ба дархости хабаргузории русии ТАСС гуфтаанд, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 аз ҳама бештар зодагони Украина ва Тоҷикистон шаҳрвандии Русия гирифтаанд.

Ҳамсуҳбати ТАСС гуфтааст: “Дар моҳҳои январ, феврал ва марти соли 2022 ҳудуди 141,5 ҳазор хориҷӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шуданд. Шаҳрвандии Русия барои зодагони кишвраҳои собиқ Шӯравӣ бавижа ҷолиб боқӣ мемонад. Имсол 97,2% ё ё37,7 ҳазор нафар аз ҷамъи онҳоеро, ки шаҳрванди Русия шуданд, шаҳрвандони собиқ СССР ташкил медианд. Аҳ ҷумла 39,6% – зодагони Украина, 23,9% – аз Тоҷикистон, 8% – аз Қазоқистон, 7,9% – аз Арманистон, 4,7% – аз Ӯзбекистон, 4,5% – Озарбойҷон, 3,6% – Қирғизистон, 3,1% – Беларус, 3% – Молдова”.

Дар умум имсол шумори онҳое, ки шаҳрвандии Русияро ба даст оварданд назар ба ҳамин давраи як соли пеш 12% камтар аст. Дар ВКД Русия коҳиши шумори гирандагони шаҳрвандии Русияро “мавсимӣ” номидааанд. Вале манобеи дигар мегӯянд, шумори довталабони шаҳрвандии Русия баъди шурӯи ҷанг дар Украина ва ҳалокати даҳҳо тан аз зодагони кишварҳои дигар, ки баъди дарёфти шаҳрвандии Русия ба артиши ин кишвар ҷалб шудаанд, рӯ ба коҳиш овардааст.

Бино ба омори расмии ВКД Русия, дар тӯли соли 2021 735 ҳазор хориҷӣ шаҳрванди Русия шудаанд. Беш аз нисфи онҳо, ё қариб 376 ҳазораш зодагони Украина буда, дар ҷои сеюм зодагони Қазоқистон меоянд, ки соли гузашта қариб 50 ҳазори онҳо шаҳрванди Русия шудаанд. Дар ду ҷои баъдӣ Арманистон бо наздики 47 ҳазор ва Ӯзбекистон бо ҳудуди 32 ҳазор нафар меоянд.

Вале ҷои дуюмро дар ин “чемпионат”-и ғайрирасмии дарёфти шаҳрвандии Русия зодагони Тоҷикистон ба даст оварданд. Соли 2021 дар умум 103 ҳазору 681 зодаи Тоҷикистон шиносномаи тоҷикии худро бо шиносномаи русӣ иваз кардааст. Ин 35% бештар аз 63 ҳазору 389 нафар аз Тоҷикистон аст, ки соли 2020 соҳиби шаҳрвандии Русия шуда буд.

Ба ҳисоби миёна, соли 2021 ҳар рӯз дастикам 284 тоҷикистонӣ шиносномаи тоҷикии худро бо шиносномаи русӣ иваз кардааст. Соли 2020 ин нишондиҳанда 173 нафарро дар як рӯз ташкил медод.

Бино ба омори расмии ВКД Русия, ҳоло боз 96 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон дар Русия ҳаққи иқомат (ВНЖ, вид на жительство) ва бюоз 47 ҳазор нафари дигар иҷозат барои иқомати муваққат (РВП, разрешение на временное проживание) доранд. Ҳамчунин ҳар сол ҳазорон оила аз Тоҷикистон худро барои кӯчидан ба Русия барои зиндагии доим тибқи барномаҳое, чун “Переселение соотечественников” саюти ном мекунанд. Ин ба маъноест, ки феълан боз даҳҳо ҳазор тоҷикистонии дигар барои гирифтани шаҳрвандии Русия дар навбат истодаанд.

Бино ба оморҳо, дар 8 соли охир ҳудуди 300 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуда, аз соли 2000 ба ин тараф тақрибан 800 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон сукунати доимӣ дар Русияро ихтиёр кардаанд ва аксари онҳо бо аҳли оилаҳояшон шаҳрвандии он кишварро ба даст овардаанд.

Бар илова, дар солҳои охир шумори онҳое низ дар ҳоли афзоиш аст, ки барои ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар худро ба кишварҳои аз Русия низ дуртари Аврупову Амрико мезананд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳиҷрати мардумро ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, дар шароити дунёи муосир қариб ягон кишвар аз ин раванд берун намондааст.

Аммо ҷомиашиносон мегӯянд, барои мардуми тоҷик муҳаббат ба зодгоҳ дар фарҳанги чандҳазорсолааш нақши бориз дорад ва афзоиши раванди ҳиҷрати аҳолӣ ба хориҷ аз сарчашмаҳои ҷиддитар ва пеш аз ҳама аз эҳсоси ноумедии онҳо ба ояндаи беҳтар дар Ватан маншаъ мегирад.

Бо онки сели сокинони Тоҷикистон бо умеди ба даст овардани “роҳхат ба як зиндагии беҳтар” дар пеши дари сафоратҳову идораҳои муҳоҷирати кишварҳои хориҷӣ навбат мепоянд, ҷомиашиносон аз як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд.

Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button