ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАБСИ ЯК ҶАВОН ВА ЯК ДУХТАР БАРОИ ЗАНОЗАНӢ ДАР БОЗОРИ “САХОВАТ” (2 АКС)

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе хабар дод, ки кормандони милитсияи пойтахт ду шаҳрванд:
1. Шарифов Фаридун Қурбоналиевич, санаи таваллудаш 06.05.2003, истиқоматкунандаи ш.Душанбе кӯчаи Деҳотӣ;

2. Ҳабибуллозода Дилноза Неъматҷон, санаи тваллаудаш 12.07.2002, истиқоматкунандаи ноҳияи Вахшро барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир кардаанд.

 Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 11-уми апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 13:30 дақиқа, дар кӯчаи А.Фирдавсӣ назди бозори «Саховат» байни ҳамдигар муноқиша намуда, дар баробари алфози қабеҳ ҳамзамон якдигарро зери лату куб қарор додаанд.

Видеои занозании онҳо дар Интернет нашр шуд ва мавҷи вокунишҳоро ба бор овард.
  Бо назардошти навори лаҳзаи муноқишаи номбурдагон ва пурсиши шоҳидони ҳодиса нисбати ҳар ду тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, аз ҷониби суди н.Фирдавсӣ нисбати Шарипов Фаридун ҷазои маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз ва нисбати Ҳабибуллозода Дилноза ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 6-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Шарифов Фаридун
Ҳабибуллозода Дилноза

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button