ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

МУРОҶИАТИ “КОМИССИЯИ 44” БА ДОДСИТОНИ КУЛ: ҚАТЛИ ЗИЁБЕКОВ КАЙ ТАФТИШ МЕШАВАД?(ВИДЕО)

6 намояндаи ҷомиаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз “комиссияи 44”, ки  барои тафтиши муштараки қазияҳои марбут ба ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ сафарбар шудаанд, дар як муроҷиатномаи муштараки видеоӣ ба номи додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон аз инки то ҳол касе барои марги сокинони вилоят дар моҳи ноябр ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст, сахт изҳори нигаронӣ карданд.

Дар муроҷиатномаи ин 6 узви “комиссияи 44” гуфта мешавад, ки намояндагони гуруҳи тафтишотии Додситонии кул ба раҳбарии Мансур Ҳокимзода, ки мебоист тафтиши ин парвандаҳоро пеш мебурданд, аслан дар ҳудуди вилояти Бадахшон қарор надоранд ва дар тӯли беш аз 3 моҳи охир, ба гуфтаи онҳо, дар робита ба кушта шудани Зиёбеков Гулбиддин ва захм бардоштани Мирзоев Розиқ ва Ғуломшоев Тайғуншо аз силоҳи оташфишон дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ва кушта шудани Амиршоев Тӯтишо ва Муродбеков Гулназар ва захмӣ шудани беш аз 15 тани дигар дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ягон ҳаракати тафтишотӣ анҷом дода нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон, тафтиши 13 парвандаи дигари марбут ба ҳодисаҳои моҳи ноябр кайҳо анҷом дода шуда, додгоҳ дар мавриди ин парвандаҳо алакай ҳукми худро баровардааст.

Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон аз додситони кул Юсуф Раҳмон хостаанд, ки барои тафтиши ҳарчӣ сареътари парвандаҳое, ки талаби асосии эътирозгарони Хоруғ буд, мусоидат кунад.

Дар ҳамин ҳол, “комиссияи 44” дар саҳифааш дар Фейсбук хабар додааст, ки рӯзи 19 апрел дар як нишасти хабарӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти худ, аз ҷумла пиромуни то имрӯз ба куҷо расидани ҷараёни тафтиши парвандаҳои куштаву захмӣ шудани сокинони Бадахшон  ва қадамҳои баъдии “комиссияи 44” ҳисобот бидиҳанд.

“Комиссияи 44” дар поёни моҳи ноябри соли 2021 аз ҷониби эътирозгарони шаҳри Хоруғ барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳояшон интихоб  гардида, ба ҳайъати он намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии вилояти Бадахшон ҷалб шудаанд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 25 ноябр марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дар пайи боздошташ сабаби эътирозҳои густарда дар Хоруғ шуд, ки 4 рӯз: аз 25 то 28 ноябр давом кард. Мардум ҷасади Зиёбеков дар рӯи даст аввал дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги ӯро талаб карданд.

Дар рӯзҳои нооромиҳо дар Бадахшон боз ду сокини ин вилоят кушта ва дастикам 15 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз ҷароҳат бардоштани 12 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар доданд.

Эътирозгарон танҳо шоми 28 ноябр вақте хона ба хона пароканда шуданд, ки мақомот ваъдаи таҳқиқи муштараки қазияи марги Гулбиддин Зиёбековро доданд. Ба ин мақсад як гуруҳи махсуси иборат аз 20 намояндаи ниҳодҳои тафтишотӣ ва 6 намояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ низ ташкил шуд, вале бо гузашти беш аз чоруним моҳ  то ҳол ягон нафари гумонбар дар марги Зиёбеков  муайян ва дастгир нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button