ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МЕХОСТ КАМЕ САВОРӢ КУНАД… МАРГИ ФОҶИАВИИ КӮДАКИ 12-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ ТРАКТОР

Рӯзи 14-уми апрели соли 2022, тахминан соати 12:30, ронандаи трактори тамғаи “МТЗ-80”, Раҷабов Исломиддин Сафарович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Кӯшониён, бо 2-адад ядак (притсеп)-и бо ҳам баста ва пур аз алафи силос аз роҳи мошингарди ноҳияи мазкур ҳаракат мекард. Дар ҳамин вақт ноболиғ Аминов Сайфуршоҳ Абдувалиевич, соли таваллудаш 2010, сокини ҳамин ноҳия, ба қисми қафои ядаки якуми трактор часпидааст.
Сайфуршоҳ тахминан 700 метр рафта, ногаҳон афтидааст ва чархи ядаки дуюм ноболиғро зер кардааст. Мутаассифона, ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳолат таҳқиқот идома дорад.

Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ ВКД алакай дар бораи ҳалокати дасти кам 6 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ хабар медиҳад.

Аз ҷумла шаби 12-уми апрели соли 2022, тахминан соати 23:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Хисрави Идимат, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Расулов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда Хисрави И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 11 апрел, соати 16:00, бар асари бархӯрди ду мошини «Опел-Астра» ва «Ҳундай-Портер» дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» як зани мусофири “Опел” ҷароҳат бардошта, дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.  Ҳамин тавр, шаби 11 апрел, тахминан соати 23:40, як ронандаи мотосикл дар Душанбе ба мошини “Опел-Астра” бархӯрда, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

Ҳамчунин, 11-уми апрел, тахминан соати 15:20, як пиёдагарид 33-сола дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт-Лахш”,  дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод зери чархи мошини “Дэу Сиэло” ҷон дода, қарибиҳои шоми  11-уми апрел, тахминан соати 18:20, ронандаи мошини тамғаи «Лексус РКС-350» ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонии пойтахт як кӯдаки панҷсоларо пахш кард. Дар натиҷа, кӯдак ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button