ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

ХУДКУШИИ ДУ ПАРШИКАСТА ДАР ДЕҲАИ ЁВОНИ НОҲИЯИ АЙНӢ ДАР МОҲИ РАМАЗОН

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”,  дар  моҳи апрели соли 2022, дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон дар деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ як ҷавонзани модари се фарзанд ва як духтари ноболиғи хонандаи синфи 10 худкушӣ кардаанд.

Инҳо истиқоматкунандаи деҳаи Ёвон, Исмоилова Анӯша, модари 3 фарзанд ва дигаре духтари 17-сола, хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи №38- и деҳаи Ёвон Ҷононова Додарой мебошанд.
Гуфта мешавад, ки Исмоилова Анӯша соҳиби ду писару як духтар буда,  ба далели муноқишаи оилавӣ бо шавҳараш Раҳмонқулов Ҳайдархӯҷа, як муддат дар хонаи падараш дар деҳаи Ревад зиндагӣ мекардааст, аммо ахиран ҷисми беҷони ба дор овехташудаи ӯро аз оғили хонаи шавҳараш дар деҳаи Ёвон пайдо кардаанд.

Дар байни сокинон сарусадоҳое ҳам бархостааст, ки гӯиё ҷасади Анӯша Исмоиловаро баъди чанд рӯзи маргаш ёфта бошанд, вале то куҷо дақиқ будани ин овозаҳо рӯшан нест. Наздикони марҳум ва шавҳараш марги ӯро шарҳ надодаанд, Натиҷаи экспиртизаи тиббии  ҷасади ӯ, ки дар шаҳри Панҷакент анҷом дода шуд, низ ҳанӯз дастрас нест.
Ҷононова Додарой, хонандаи синфи даҳуми мактаби №38  бошад, ба гуфтаи сокинон, дар пайи як нофаҳмӣ бо ҳамсинфонаш даст ба ҷони худ задааст. Гуфта мешавад, ҳамсинфонаш бо ӯ рафтори хуб надоштаанд ва дар ҷашни Наврӯз нисбат ба ӯ беэҳтиромӣ карда, ҳангоми гирифтани  шиноснома низ ба ӯ аҳамият надодаанд.
Ба иттилои ҳамсояҳо, Додарой гӯиё ҳангоми саршӯӣ бо кадом сабаби номаълум ҷони худро аз даст додааст. Падари Додарой Луқмонбой Ҷононов дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштааст ва пас аз ҳодисаи ба сари фарзандаш омада, ба деҳа баргаштааст.
Дар солҳои охир ин бори аввал нест, ки аз деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ хабари куштору марги мармузи сокинонаш ба даст мерасад.  Қаблан дар ин деҳа як зан худро ба дарёи Зарафшон партофта, як  кӯдаки синфи 6 дар ҳавзи обҷамъкунии эшонҳои Ёвон ҷон бохт ва Азизбек Раҷабови 18-соларо 4 ҷавони сокини ин деҳа ба сурати гуруҳӣ зада, куштанд.

Акнун ба болои ин ҳама боз марги муфоҷои ин зану духтари паршикаста дар моҳи шарифи Рамазон зам шуд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button