ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ЗАН ДАР КӮШОНИЁН БАРОИ ДУЗДИИ ЗАРУ ЗЕВАРИ ЯК ЗАНИ МЕҲМОН

Як зани 40-солаи сокини ноҳияи  Кушониён ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 13 март ҳангоми дар ин ноҳия дар меҳмонӣ қарор доштани зани 24-солаи сокини пойтахт пинҳонӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоии ӯро ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ дуздидааст.

ххххххххххххххххххх

Сокини 34-солаи  Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки соли 2021 аз як сокини пойтахт мошини тамғаи “Хонда Экос”ро 135 ҳазор сомонӣ нарх карда, гирифта, аз ин маблағ танҳо 90 ҳазор сомониро пардохт кардаву 45 ҳазор сомонии боқимондаро то ҳол надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 15 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Даст ба дуздӣ задани зани 40-сола

049

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза зани 24-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 13-уми марти соли 2022, ҳангоми дар меҳмонӣ қарор доштанаш шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, зани 40-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Дарёфти маблағи муфт бо роҳи қаллобӣ

046

Ба мақомоти милитсия бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2021 марди 34-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худро соҳибкори инфиродӣ муаррифӣ намуда, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Хонда-Экос»-ро ба маблағи 135 ҳазор сомонӣ гирифта, автомашинаи мазкурро фурӯхта, маблағи 90 ҳазор сомониро ба ӯ баргардонида, боқимонда маблағи 45 ҳазор сомониро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button