ВидеоҶомеа

ЯК ҶАВОН ДАР ВАҲДАТ ЗАНИ АЗ ХУДАШ 28 СОЛ КАЛОНРО ҲАНГОМИ АЛОҚАИ ҶИНСӢ КУШТААСТ

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат бо ҳукми худ аз 30 марти соли 2022 Юлдошзода Манучеҳри Талбак, санаи таваллудаш 4 майи соли 1999, сокини деҳаи Абдуллоободи ҷамоати ба номи Карим Исмоиловро дар қатли “маъшуқа”-аш ва дуздии 150 сомонӣ  пули ин зани аз ӯ 28 сол калонсолтар гунаҳкор  шинохта, ба 10 солу 6 моҳи зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 14 апрел дар шарҳи ин парванда гуфт, Манучеҳр Юлдошзода тахминан моҳи декабри соли 2021 бо шаҳрванд Шарипова Дилором Ҳикматуллоевна, санаи таваллудаш 21 июни соли 1971, сокини кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Ваҳдат шиносоӣ пайдо карда, бо ӯ дар манзили истиқоматиаш дар ивази 160 сомонӣ алоқаи ҷинсӣ кардааст.

Дар арафаи соли нав, санаи 31 декабри соли 2021, тахминан соати 14:00  Манучеҳр Юлдошзода бо Дилором Шарипова дар назди даромадгоҳи боғи фарҳангию фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Вахдат вохӯрда,  ба маблағи 150 сомонӣ  муомила кардаанд ва барои алоқаи ҷинсӣ ба манзили истиқоматии Шарипова Д.Ш. рафтаанд.  Вале қабл аз алоқаи ҷинсӣ Манучеҳр Юлдошзода ба Дилором Шарипова эрод гирифтааст, ки аз даҳонаш бӯи машрубот меояд. Шарипова аз ин ба ғазаб омада, ба рӯи Талбакзода як шаппотӣ зада, ӯро дашноми қабеҳ додааст.

Ҷавон  аз ин кирдори Шарипова Д.Ҳ. ба ғазаб омада, бо баҳонаи ин ки аз даҳонаш бӯи ғализи машруботи спиртӣ набарояд, бо истифода аз рӯймол даҳону гардан ва дастони Шарипова Д.Ҳ.-ро аз қисми пеш баста, бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кардааст.

Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ Манучеҳр Юлдошзода суханҳои таҳқиромези занро ба хотир оварда, гиреҳи рӯймоли дар  гардани охирин басташударо бо зӯрӣ бо дасти чапаш ба тарафи қафои гарданаш кашида, бо ин роҳ вайро буғӣ карда, ба ҳалокат расондааст.

Баъди куштани зан, ин ҷавон ҳуҷраи хоби Шарипова Д.Ҳ.-ро кофтуков карда, аз зери кӯрпаю кӯрпачаҳои болои сандуқи манзили ӯ 150 сомонӣ  пулеро, ки барои алоқаи ҷинсӣ худаш ба ин зан дода буд, гирифта, аз хона фирор кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button