ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ “МЕРСЕДЕС” БАР АСАРИ САДАМА ДАР НОҲИЯИ Ҷ.РАСУЛОВ

ВКД Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар дар роҳҳои ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба ин манбаъ, шаби 12-уми апрели соли 2022, тахминан соати 23:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Хисрави Идимат, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Расулов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда Хисрави И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ ВКД алакай дар бораи ҳалокати дасти кам 5 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ хабар дод. 4 садамаи қаблӣ рӯзи 11 апрел рух дода буд.

Аз ҷумла бино ба иттилои ВКД, рӯзи 11 апрел дар ду садама дар Душанбе ва роҳи Душанбе – Хуҷанд ду нафар ҷон доданд. Соати 16:00, бар асари бархӯрди ду мошини «Опел-Астра» ва «Ҳундай-Портер» дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» як зани муосфири “Опел” ҷароҳат бардошта, дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.  Ҳамин тавр, шаби 11 апрел, тахминан соати 23:40, як ронандаи мотосикл дар Душанбе ба мошини “Опел-Астра” бархӯрда, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

Ҳамчунин, 11-уми апрел, тахминан соати 15:20, ронандаи мошини тамғаи “Дэу-сиело”, Маҳмадшоев Маҳмадзоиршо Искандарович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Тоҷикобод, ҳангоми харакат дар шоҳроҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт-Лахш”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард, Абдуғаффорзода Ҳабибулло, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Абдуғаффорзода Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тавр, қарибиҳои шоми  11-уми апрел, тахминан соати 18:20, ронандаи мошини тамғаи «Лексус РКС-350» Фозилов Неъматулло Зокирович соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонии пойтахт пиёдагарди хурдсол, Насимова Ясмина Фарруховна, соли таваллудаш 2017, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст. Дар натиҷа, кӯдак ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button