ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДӢ АЗ ИСТИРОҲАТГОҲИ “ЛОЛА” ДАР ДАРАИ РОМИТ

Марди 31-сола ва навраси 17-сола дар Ваҳдат ба он гумонбар мешаванд, ки аввалҳои моҳи март аз истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Лола” дар деҳаи Поёноби дараи Ромит мотори обкашӣ ва маҳсулоти сохтмониро дуздида, ба ин муассиса 32 ҳазору 270 сомонӣ зарар расондаанд.

хххххххххххххххх

Сокини 63-солаи қаблан ҳам барои қаллобӣ судшудаи ноҳияи Спитамен ба он гумонбар мешавад, ки соли 2017 аз як сокини ҳамин ноҳия бо ваъдаи аз зиндон озод кардани фарзандаш 3500 доллар ва 9850 сомонӣ гирифта, пулро хӯрда, кори ӯро буд накардааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 14 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо шудани дуздӣ аз истироҳатгоҳи кӯдакона

021.jpg

Аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД дар шаҳри Ваҳдат муайян карда шуд, ки аввалҳои моҳи марти соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба истироҳатгоҳи кӯдаконаи “Лола”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ромит, деҳаи Поёноб даромада, аз он ҷо 1-адад мотори обкашӣ ва маҳсулоти сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 32 ҳазору 270 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани марди қаблан судшуда барои қаллобӣ

21

Аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Спитамен, нисбати марди 63-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Номбурда соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии марди 63-солаи сокини ноҳияи зикргардида даромада, бо баҳонаи фарзандашро аз адои ҷазо озод намудан 3 ҳазору 500 доллари амрикорӣ ва 9 ҳазору 850 сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button