ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ШАРҲИ РАСМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН (ВИДЕО)


Муовини раиси ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, марзбонҳои кишвари ҳамсояро ба сар задани тирпарронии шоми 12-уми апрел муттаҳам кард. Дар ин ҳодиса аз ду тараф чанд кас захмӣ шуданд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон, баръакс, масъулиятро ба дӯши нерӯҳои Тоҷикистон гузошт.

Мақомоти ду тараф рӯзи 13-уми апрел дар минтақаи Борбодук вохӯрда, розӣ шудаанд, ки “нерӯҳои худро аз хатти марз ба маҳалли доимияшон бармегардонанд ва сабабу омилҳои муноқишаи ахирро пурра меомӯзанд.​”

Шарҳи нахустини расмии Тоҷикистон

Матлуба Ҷӯрабоева, муовини раиси ҷамоати Хистеварз, мақоми нахустини расмӣ аз ҷониби Тоҷикистон аст, ки тирпарронии шоми 12-уми апрелро дар сарҳад бо Қирғизистон шарҳ дод.

То ин дам тамоми кӯшишҳо барои гирифтани иттилоъ аз мақомоти вилояти Суғд, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигар бенатиҷа буд. Баръакси ҳодисаҳои пешина, мақомот изҳороти расмӣ низ нашр накарданд.

Хонум Ҷӯрабоева рӯзи чоршанбе гуфт: “Вақте сарҳадбонони мо ба хидмат машғул буданд, сарҳадбонҳои Қирғизистон хостаанд, гуфтушунид кунанд. Вақте марзбонҳои мо наздик мешаванд, онҳо аввал тир мекушоянд. Низомиёни мо тири ҷавобӣ кушодаанд. Дар натиҷа, як марзбони Қирғизистон захмӣ мегардад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омада, ором мекунанд.”

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти марзбонии Қирғизистон шаби 12-уми апрел дар эъломияе гуфт, гуё сарҳадбонони тоҷик “талаби марзбонони қирғизро нодида гирифта”, тахминан “20 метр ба дарунтари сарҳади Қирғизистон ворид шуданд”. Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, “бо ҳадафи огоҳ кардан ба ҳаво тир кушоданд” ва дар ҷавоб гуё марзбонони тоҷик “ба сӯи марзбонони қирғиз оташ кушоданд. Дар пайи музокира тирпаронӣ хотима ёфт”.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар тирпарронии шаби гузашта як сарбози он кишвар захмӣ шудааст.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, дар тирпарронии шоми сешанбе сержант, Зоир Саидумарови 27-сола аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, маҷруҳ шудааст. “Вай аз қафаси сина ва шикам тир хӯрдааст,” — хабар доданд манобеи Радиои Озодӣ.

“Вазъ ором аст”, вале…

Муовини раиси ҷамоати Хистеварз мегӯяд, ҳоло вазъ дар минтақаҳои марзӣ ором аст, ҳарчанд баъзе аз сокинон мегӯянд, аз такрори чунин ҳодисаҳо нигаронанд. “Мардум ба таҳлука наафтоданд. Ин бори аввал нест. Мо гуруҳи тарғиботӣ дорем ва мардуми маҳаллаҳои наздимарзиро огоҳ кардем, ки ҳушёр бошанд,” – мегӯяд Матлуба Ҷӯрабоева.

Ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Борбоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Дар ин ҷамоат беш аз 62 ҳазор кас зиндагӣ мекунанд.

Марз дар ин минтақа пурра муайян ва аломатгузорӣ нашудааст ва тарафи Тоҷикистон низ борҳо марзбонону шаҳрвандони Қирғизистонро ба ғайриқонунӣ гузаштан аз марз гунаҳкор кардааст.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр сарҳад доранд ва то ҳол беш аз нисфи он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Даҳҳо километр хатти марз мавриди баҳс қарор дорад ва ҳар чанд вақт боиси сар задани низоъ ва задухӯрдҳо мешавад.

Низои хунбортарин охири моҳи апрели соли 2021 сар зад ва се рӯз идома кард. Дар натиҷа, аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд. Ду тараф ҳамвора якдигарро ба сар задани низоъ гунаҳкор мекунанд ва ваъдаи таҳқиқ медиҳанд, вале натиҷаи онро ошкор намекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button