ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ИШТИРОКИ КОНСУЛИ ТОҶИКИСТОН ЗАФАР САЙИДЗОДА ДАР НАМОЗ ВА ИФТОР ДАР МАСҶИДИ БОЗОРИ ЕКАТЕРИНБУРГ

Шоми 12 апрели соли 2022 дар масҷиди базаи меваву сабзавоти “Урожай” дар  кӯчаи Артинская, 25 дар шаҳри Екатеринбурги Русия барои мусалмонон дастурхони ифтор оростанд. Дар ин ифтор бо даъвати муфтии мусалмонони вилояти Свердловск Абдулқуддус Ашарин, консули Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода низ иштирок кард.

 Пойгоҳи хабарии Исламнюс хабар дод, ки дар ифтор беш аз 200 нафар ва дар намози таровиҳ беш аз 500 нафар иштирок доштанд. Бино ба ин манбаъ, консули Тоҷикистон Зафар Сайидзода низ ҳамроҳи мардум намози шом хонд ва сипас ифтор кард.

Баъди тановули ғизо имом-хатиби масҷиди базаи “Урожай” Мирзо Назаров, ки ӯ ҳам зодаи Тоҷикистон аст, риштаи суханро ба консули Тоҷикистон дод.

Зафар Сайидзода дар суханрониаш ба нақш ва аҳамияти маънавиёт ва арзишҳои рӯҳонӣ дар ҳаёти мардум, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, пардохта, аз мусалмонон хост, ки дар баробари иҷрои 5 фарзи дини Ислом, ки рӯзаи моҳи шарифи Рамазон низ яке аз ин фарзҳост,  кӯшиш кунанд, ки нафси худро аз лиҳози маънавӣ идора кунанд, ба зинаҳои баландтари такомул бирасанд ва анҷоми корҳои савобро дар авлавияти зиндагии худ қарор бидиҳанд.

Консули Тоҷикистон ҳамчунин ба зарурати ҳамзистии мусалмонон бо пайравони динҳои дигар таъкид карда, гуфтааст, исломи асил ба зидди динҳои дигар мубориза намебарад, балки мусалмононон дар масеҳиён ва яҳудиён низ ворисони адёни иброзимиро мебинанд, ки ҳама ба як Худованд ибодат мекунанд ва тибқи васиятҳои Ҳазрати Иброҳим ба сар мебаранд.

Зафар Шералиевич Сайидзода, журналист, дипломат, олим ва сиёсатмадори тоҷик, 18 декабри соли 1961 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 1983 риштаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.  Ӯ соли 1980 рисолаи номзадӣ ва соли 2016 рисолаи докториашро ҳимоя карда, унвони доктори илмҳои таърихро ба даст овардааст.

Зафар Сайидзода дар солҳои 80 дар комсомол кор карда, дар нимаи аввали солҳои 90 раҳбари раёсати иттилооти вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва аз соли 1995 то 2003 сухангӯи президент Эмомалӣ Раҳмон буд. Зафар Сайидзода сипас аз соли 2003 то 2008 мудири хабаргузории “Ховар” ва сипас то соли 2019 мушовир ва баъдан ёрдамчии президент дар масоили сиёсати хориҷӣ буд. 17 феврали соли 2020 консули Тоҷикистон дар Екатеринбург таъйин шуд.

Зафар Сайидзода муаллиф ваё мураттиби беш аз 70 китоб буда,  соли 2001 сазовори Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ гардида, соли 2016 бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button