Хабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ПОЙТАХТ ВА РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Рӯзи 11 апрел дар ду садама дар Душанбе ва роҳи Душанбе – Хуҷанд ду нафар ҷон додаанд.

Аз ҷумла соати 16:00, бар асари бархӯрди ду мошини «Опел-Астра» ва «Ҳундай-Портер» дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» як зани муосфири “Опел” ҷароҳат бардошта, дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин тавр, шаби 11 апрел, тахминан соати 23:40, як ронандаи мотосикл дар Душанбе ба мошини “Опел-Астра” бархӯрда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
хххххххххххххх

Сокини 54-солаи шаҳри Хуҷанд ба он гумонбар мешавад, ки соли 2020 аз як сокини Истаравшан бо ваъдаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани падараш 25 ҳазор доллар ва 1000 сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 13 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба вуқӯъ пайвастани 2 ҳолати садамаи нақлиётии марговар

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

11-уми апрели соли 2022, тахминан соати 23:40-дақиқа, ронандаи дучархаи муҳаррикдори тамғаи “Мототсикл” бе рақами қайди давлатӣ, Мирзоев Бахтиёр Асадуллоевич, соли тавалудаш 1985, сокини пойтахт, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Худойдодов аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, дар зерпояи оҳанини қисмати роҳ бархӯрда, сипас, бо автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ки таҳти идораи ронанда, Абдураҳмонов Абдураҳим Абдуҳакимович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Истаравшан қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мототсикл, Мирзоев Б.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин 11-уми апрели соли 2022, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Бӯстонов Камолиддин Деҳқонович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер», ки таҳти идораи ронанда, Мавлонов Абдушукур, соли таваллудаш 1950, сокини ҳамин ноҳия қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Раҳматова Ойсанам Назриддиновна, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи дар боло зикргардида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Даст ба қаллобӣ задани марди 54-сола

04

Аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, нисбати марди 54-солаи сокини шаҳри мазкур, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Номбурда моҳҳои январ-феврали соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 27-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, бо баҳонаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани падараш аз ӯ маблағҳои пулӣ ба миқдори 25 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1000 сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button