ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ДАҲҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ТУРКИЯ

Тайи чанд ҳафтаи охир мақомоти Туркия дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар, аз ҷумла дар Истанбул, садҳо шаҳрвандони хориҷиро, ки дар қаламрави ин кишвар бидуни ҳуҷҷати иқомат кору фаъолият доштанд, дастгир кардаанд. Ба гуфтаи манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дар байни дастгиршудагон даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик низ ҳастанд, ки ба сабаби надоштани ҳуҷҷати иқомат ба даст афтода, ҳоло дар як боздоштгоҳи муҳоҷирони хориҷӣ дар берун аз шаҳри Истанбул нигоҳ дошта мешаванд.

Як муҳоҷири тоҷики муқими Истанбул, ки яке аз наздикони ӯ ҳам аз ҷониби пулиси Туркия дар Истанбул дастгир шудааст ба “Бомдод” гуфт: “Бародари ман чанд сол боз дар Туркия кору фаъолият дошт. Як моҳ пеш кормандони пулис аз онҳо хостаанд, ки шиносномаҳоятонро биоред, то изи ангушт бигирем.  Чанд нафар аз тоҷикон, аз ҷумла бародари ман, низ шиносномаҳояшонро бурданд. Бо ҳамин, 15 рӯз аз онҳо дараке нашуд ва бародарам танҳо баъди 15 рӯз занг заду гуфт, ки моро боздошт карданд ва ҳоло дар як боздоштгоҳе берун дар Истамбул қарор дорем. Бародарам гуфт, ки дар ин боздоштгоҳ дар баробари ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо, муҳоҷирони тоҷик низ хеле зиёданд”.

Дар боздоштгоҳ ба бародари ин ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфтаанд, муҳоҷирони дастгиршударо ё аз Туркия ихроҷ мекунанд ваё то як сол ба зиндон мераванд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, нафароне ҳам ҳастанд,  ки зиёда аз се моҳ боз дар  ин боздоштгоҳ қарор доштаанд.

“Ҳар нафаре, ки пул дорад, адвокат гирифта,зуд аз боздоштгоҳ ба кишвараш  меравад. Вале адвокат дар Туркия хеле гарон аст ва бисёриҳо тавони киро кардани адвокатро надоранд. Аз ин рӯ, нафароне, ки имкони гирифтани адвокатро надоранд, то замоне ки мақомоти ин кишвар худашон тасмим нагиранд, то се ё чор моҳ  дар боздоштгоҳ боқӣ монда, сипас ё  ихроҷ мешавад, ё ба зиндон меравад”, – мегӯяд ин муҳоҷири тоҷик.

Муҳоҷирони тоҷике, ки дар Туркия кору зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, солҳои қабл касе дар инҷо ҳуҷҷат намепурсид ё кормандони пули ба ҷойи корашон намерафтанд, вале ҳоло ҳар рӯз рейдҳо рафта истодааст ва кормандони пули дар ҳамаи корхонаҳое, ки хориҷиён кор мекунанд, рейдҳо мегузаронанд ва муҳоҷирони ғайриқонуниро дастгир мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, ҳоло гирифтани ҳуҷҷати будубош дар Туркия низ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле мушкилтар гардидааст.

Як ҳамсӯҳбати “Бомдод”, ки солҳо боз ба ҳуҷҷатгузории шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва Русия  дар Туркия сару кор дорад, мегӯяд: “Соли 2022  қонунгузори будубоши хориҷиён дар ин кишвар тағйир ёфт ва агар пештар ҳар нафар метавонист, ки бе ягон мушкили ҳуҷҷати будубошро дастрас намояд,  ҳоло тибқи қонунҳои нави Туркия, ҳар довталаб бояд хона ба номаш бошад, соҳибхона ба нотариус  рафта, ваколат бидиҳад, ба идораи шуғли аҳолӣ рафта, сабти ном кунад ва аз раиси маҳали ҷойи зист, ки дар инҷо мухтор мегӯянд, низ бояд маълумотнома бигирад”.

Ӯ мегӯяд, барои нафароне ки бори аввал ҳуҷҷати иқомат мегиранд, риск зиёд шудааст, зеро ҳоло аз 10 нафар танҳо ба 2 нафар ҳуҷҷат дода истодаанд, вале вақте ҳуҷҷат гирифта натавонист, маблағаш, тибқи қонунҳои Туркия, бозпас дода  намешавад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Бомдод”, аз ин ҳолат нафарони фурсатталаб сӯиистифода бурда истодаанд ва бо ваъдаҳои дурӯғ, ки мо ҳуҷҷат гирифта метавонем, мардумро фиреб мекунанд ва пулашонро мегиранд.

Туркия солҳои охир ба як масири дигари умдаи муҳоҷирати корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон табдил ёфта истодааст. Муҳоҷирони тоҷик дар Туркия бештар дар сохтмонҳо ва корхонаҳои мебелсозию текстил кор мекунанд. Вале тоҷиконе низ ҳастанд, ки дар Туркия тиҷорати худро ба роҳ андохта, комёб шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button