ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ВАЗИРИ СОБИҚИ ХОРИҶАИ ҚИРҒИЗИСТОН ЭРЛАН АБДИЛДАЕВ САФИРИ ИН КИШВАР ДАР ДУШАНБЕ ТАЪЙИН ШУД

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров)  рӯзи 12 апрел бо судури як фармон вазири собиқи корҳои хориҷии кишвараш Абдилдаев Эрланро сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин кард. Абдилдаев дар ин мақом Жаниш Рустенбековро иваз мекунад. Рустенбеков моҳи феврали соли 2022 дар пайи ба ӯ изҳори нобоварӣ кардани парлумон аз вазифааш барканор карда шуд. Парлумон Рустенбековро ба он айбдор кард, ки барои ҳимоят аз манфиатҳои Қирғизистон дар Тоҷикистон талоши кофӣ ба харҷ намедиҳад.

Эрлан Абдилдаев дар ҳоле сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин шуд, ки муносибатҳои Бишкеку Душанбе як давраи пуртанишеро паси сар мекунад. Дар як соли охир дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 58 нафар кушта ва ҳудуди 270 тани дигар захмӣ шуданд.

Эрлан Абдилдаев 21 июли соли 1966 дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон дар хонаводаи коргардони синамо Бекеш Абдилдаев ба дунё омада, соли 1989 МГИМО – Донишкадаи давлатии равобити байналмилалии Маскавро хатм кардааст. Абдилдаев ба забонҳои  англисию хитоӣ балад буда, қаблан ҳамчун сафири Қирғизистон дар Хитой ва аз соли 2012 то 2018 ҳамчун вазири корҳои хориҷии кишвараш кор кардааст. Абдилдаев аз соли 2020 сафири Қирғизистон дар Олмон буд ва моҳи феврали соли 2022 аз ин мақом озод карда шуд.

Эрлан Абдилдаев ду фарзанд: як писар ва як духтар дорад.

Тавре қаблан хабар дода будем, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи  2 феврали соли 2022 сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Жаниш Рустенбековро аз вазифа озод кард. Жаниш Рустенбеков аз декабри солои 2018 сафири Қирғизистон дар Душанбе  буд. Ӯ қаблан аз соли 2007 то 2011 сафир дар Қазоқистон ва аз соли2014 то 2018 сафир дар Туркманистон буд ва чандин сол ба ҳайси вазири ҳолатҳои фавқулодда, котиби давлатӣ ва ҳокими вилояти Ӯш кор кардааст.

Дар поёни соли 2021 кумитаи Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон ба Рустенбеков изҳори нобоварӣ кард ва гуфт, ки ӯ дар амри ҳимоят аз манфиатҳои кишвар ва шаҳрвандони Қирғизистон дар Тоҷикистон саъйу талоши кофӣ ба харҷ намедиҳад.

Муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир даврони пуртанишеро паси мар мекунанд. Дар поёни моҳи апрели соли 2021 дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон даргириҳои мусаллаҳонае рӯй дод, ки 55 кушта ва 240 захмӣ ба ҷо гузошт. Аксари кушташудаҳову захмиҳо аз тарафи Қирғизистон буд.

Дар чанд даргирии мусаллаҳона дар моҳҳои аввали соли 2022 дар марзи ду кишвар  се шаҳрванди Тоҷикистон кушта  шуда ва аз ду тараф беш аз 20 нафари дигар захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button