ВидеоҶомеа

НАҚШАИ ДАЪВАТ БА АРТИШ ДАР 10 РӮЗИ АВВАЛ АЛАКАЙ 40 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ

Маркази матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон  рӯзи 12 апрел хабар дод, ки дар 10 рӯзи аввали даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ нақшаи даъват дар саросари ҷумҳурӣ алакай 40 фоиз иҷро шудааст. Даъвати баҳорӣ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом мекунад.

Вазорати мудофиа гуфт, инак 4 сол боз дар байни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нахустин рӯзи даъвати шаҳрвандон иҷрои нақшаро дар қаламрави ин вилоят ба 100 фоиз баробар менамоянд.

Ҳамин тавр, дар 10 рӯзи аввали даъвати баҳорӣ аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор нақшаи даъватро иҷро карда, иҷрои нақша дар саросари вилоят 40 фоиз таъмин шудааст.

Ҳамин тавр, бино ба иттилои вазорат, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 47,3 фоиз  расида, навоҳии Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод  алакай аз иҷрои нақшаи барои ин ноҳияҳо пешбинишуда гузориш додаанд.

Дар ҷараёни даҳ рӯзи чорабиниҳои даъватӣ дар комиссариатҳои ҳарбии чаҳор навоҳии пойтахт иҷрои нақша 42 фоизро ташкил медиҳад. Вале дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар 10 рӯзи аввали даъвати баҳорӣ нақша 27 фоиз иҷро шудааст.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава” –шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button