ВидеоҲуқуқи инсон

МИЛИТСИЯИ ДУШАНБЕ: БОЗДОШТИ ҶАВОН ДАР ФУРУДГОҲ ҚАСОСГИРӢ БУД, НА “ОБЛАВА” (ВИДЕО)

РВКД Душанбе шоми 11 апрел бо нашри як иттилоияи вижа ба самъи шаҳрвандон расонд, ки видеои рӯзи 9 апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда дар бораи боздошти як ҷавон дар фурудгоҳи Душанбе рабте ба “облава” надорад, балки ду ҷавон бо Назаралиев Исмон аз ноҳияи Восеъ “бо мақсади қасосгирӣ” муноқиша кардаанд. Ба болои ин маълум шудааст, ки Исмон Назаралиев бо иттиҳоми ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани маводи фаҳш (порнография) аз 19 феврали соли 2022 таҳти ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштааст.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе мегӯяд, кормандони шуъбаи ВКД дар хатти фурудгоҳ шахсияти ҳар се ҷавони дар навор инъикосёфтаро муайян ва дар лобалои таҳқиқи ин қазия як ҷинояткори дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштаро дастгир кардаанд.

“Зимни санҷиш муайян гардид, ки ҷавоне, ки гӯё мавриди «облава» қарор гирифтааст, шаҳрванд Назаралиев Исмон Иброҳимович, санаи таваллудаш 08.03.1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, ҷамоати деҳоти М.Вайсов, деҳаи Баҳористон мебошад, ки солҳои 2017-2018 дар қисми ҳарбии 13483, воқеъ дар ноҳияи Восеъ адои хизмат намудааст. Зимнан, дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки нисбати Назаралиев Исмон тибқи талаботи моддаи 241 қисми 3 банди «б» (Ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 10-уми январи соли 2022 парвандаи ҷиноятӣ таҳти рақами №20881 оғоз карда шуда, Назаралиев бинобар сабаби ба тафтишот ҳозир нагардидан аз санаи 19-уми феврали соли 2022 дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дода шудааст. Айни замон ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, мавриди тафтиш қарор дорад”, гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахт.
 Бино ба ин манбаъ, ҳамзамон дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандон:
  Саидов Бежан Суҳробович, санаи таваллудаш 15.01.1994, истиқоматкунандаи ш.Бохтари вилояти Хатлон;

 Ҳалимзода Фаридун Рустам, санаи таваллудаш 09.11.1998, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Маяковский;

бо мақсади қасосгирӣ бо дастгиршуда Назаралиев Исмон муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
  Вобаста ба ин нисбати ҳар ду барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷазоҳои маъмурӣ татбиқ карда шудааст.
  Милитсияи Душанбе аз кулли шаҳрвандон, махсусан истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хостааст, ки бо мушоҳидаи чунин наворҳо ба ҳар гуна хабару овозаҳои носаҳеҳ эътимод накунанд ва ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

Видеои кӯтоҳе, ки рӯзи 9 апрел дар Интернет нашр шуд, мавҷи вокунишҳоро дар байни мардум ба бор овард ва бисёриҳо аз мақомот хостаанд, ба чунин шеваи обрӯрезандаи маҷбуран аз кӯча доштану ба артиш бурдани ҷавонон хотима диҳанд.

Дар навор дида мешуд, ки ду ҷавони либоси мулкӣ дар тан, ки якеаш риш ҳам дошт, як ҷавони дар дасташ борхалтаи сафарро аз ду дасту китфонаш дошта, бо худ бурданианд. Ҷавон гардан намедод ва аз  атрофиён “инҳо кӣ бошанд? Ман намедонам…” Аз байни издиҳоме, ки билофосила дар ҷои ҳодиса ҷамъ шуд, чанд нафар гумони худро мегӯянд, ки “ин облава аст”. Вале он ҷавоне, ки ӯро бурданианд, мегӯяд, “охир ман хидмат кардагиам”.

Ин видео бо лаҳзае тамом мешавад, ки он ду нафар ҷавони дастгиршударо канор мебаранд.

Маълум намешуд, ки оё дар воқеъ ин нафарон ин ҷавонро бо мақсади ба артиш бурдан дастгир кардаанд ё асли гап дигар аст. Баҳори соли 2021 низ дар Интернет видеои боздошти як ҷавон нашр шуд, ки муаллифонаш мегуфтанд, ки ӯ “облава” шудааст. Вале баъдан РВКД Душанбе гуфт, дар асл ин амалиёти боздошти марде буд, ки ба узвият дар гуруҳи ифротӣ айбдор мешавад.

Назаралиев Исмон
Саидов Бежан
Ҳалимзода Фаридун

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button