ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯИ БАДАХШОН БО РОҲИ ҲАШАР 400 МЕТР КАНАЛРО ТОЗА КАРДАНД (7 АКС)

Кормандони милитсияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бо баргузории як ҳашари дастаҷамъона  дар рӯзҳои истироҳат 400 метр канали Шош Хоруғи поёнро  дар мавзеи Андарстез тоза кардаанд.  Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 12 апрел дар саҳифааш дар Фейсбук  бо нашри аксҳои зиёд хабар дод, ки бо супориши роҳбарияти РВКД, кормандони милитсияи Бадахшон ҳар ҳафта ба ҳашари умумӣ баромада, “барои тозагӣ ва анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ саҳми босазо мегузоранд”.

 “Давоми рўзҳои гузашта ҷиҳати саривақт шодоб гардидани кўчаҳои маҳалӣ бо иштироки кормандони милитсияи Бадахшонзамин дар канали маҳаллаи Шош Хоруғи поён ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид. Бояд зикр кард, ки тоза накардани пасмондаву партовҳо боиси ифлос гардидани муҳити зист шуда, эҳтимолияти сироятёбии сокинон ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мегардад”, гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи Бадахшон.

Бино ба ин манбаъ, “ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он дар ВМКБ, дастаҷамъона ба ҳашар баромада, ба тозаву озода намудани минтақаҳои хизматӣ, маҳаллаҳо, ҷую наҳрҳои обгузар, муҳити атроф аз ҳар гуна партовҳои маишӣ ва сарсабзу хуррам намудани ҳудуди шаҳру навохи камари ҳимат бастанд. Кормандони милитсия дар баробари гулшинонӣ ва кабудзоркунии гирду атрофи бинои маъмурӣ ва маҳаллаҳо инчунин ба тоза намудани канали калони обёришаванда дар мавзеи Андарстез, канали Шош Хоруғи поён, ки дохил ва атрофи масофаи наздик ба 400 метри онро ҳаргуна регу қум ва сангпора, шохаҳои дарахтон ва партовҳои маишӣ пур намуда буд, тоза карда, барои таъмини аҳолӣ бо оби ошомидани ва полезӣ саҳми босазои худро гузоштанд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button