ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҲАВОПАЙМОИ МИНСК-ТОШКАНД БАЪДИ ХАБАРИ БОМБА ДАР ДОМОДЕДОВО НИШАСТ

Рӯзи 11 апрел ҳавопаймои ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ“ (“Uzbekistan Airways”),  ки аз Минск ба Тошканд парвоз мекард, дар пайи дарёфти хабари гӯё бомбгузорӣ шуданаш ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав нишаст. Хушбахтона, ин хабар тасдиқ нашуд: дар ҳавопаймои тамғаи “Аэробус 320“ ягон хел маводи тарканда наёфтанд.

Хадамоти иттилоотии ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ“ хабар дод, ки парвози № HY-710, ки дар хатсайри Минск-Тошканд парвоз анҷом медод, рӯзи 11 апрели соли 2022, тибқи ҷадвал, соати 15:39 ба вақти Тошканд (13:39 ба вақти Минск) аз фурудгоҳи Минск ба парвоз хест. Вақте ки ҳавопаймо дар ҳарими ҳавоии Русия қарор дошт, як нафар бе ошкор кардани номаш ба почтаи электрони кормандони ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ”, ҳамчунин ба мақомоти авиатсионии Русияву Беларус хабар додааст, ки гӯё дар дохили ҳавопаймо бомба гузошта шудааст.

Сардори экипаж ба хотири таъмини амнияти мусофирон тасмим гирифт, ки барои санҷиш ва кофтукоби ҳавопаймо дар фурудгоҳи наздиктарин – фурудгоҳи Домодедово дар канори шаҳри Маскав – фуруд биояд. Дар натиҷаи тафтиши ҳавопаймову мусофиронаш, ҳамчунин бағочи мусофирон ва бору почта маълум шуд, ки хабари бомбгузорӣ шудани ҳавопаймо дурӯғ будааст.

“Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ“ ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон буда, яке аз бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button