ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

БОЗДОШТИ ХУРШЕДШО СУЛТОНШОЕВ, БОЗ ЯК ТАНИ ДИГАР АЗ ЁРОНИ БОҚИР

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 12 апрел аз боздошти Султоншоев Хуршедшо, сокини 38солаи маҳаллаи Бархоруғ ва боз як тан аз ёрони наздики Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон хабар дод. Гуфта мешавад, ки ҳангоми амалиёти дастгиркунӣ аз дасти ҷустуҷӯшаванда Султоншоев Хуршедшо 1 адад норинҷаки РГД-5 ва як миқдор воситаи нашъадору ҳаби экстазӣ дарёфту мусодира карда шудааст.

Дар ду ҳафтаи охир ин алакай дуюмин нафар аз афроди наздик ба Боқир аст, ки дастгир мешаванд. Милитсияи Бадахшон рӯзи 31 март аз боздошти Манучеҳр Шеров, як сокини 36солаи Бархоруғ хабар дода буд.

РВКД Бадахшон дар иттилоияаш гуфт: “Дар доираи баргузори чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби Раёсати КДАМ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷустуҷӯшаванда Султоншоев Хуршедшо Мамадасанхонович санаи таваллудаш 13.01.1984, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи М.Иҷубов 73, ки қаблан соли 2010 бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум гардида, дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дастгир гардид.  Нисбати дастгиршуда аз санаи 09.11.2020 сол аз ҷониби мақомоти Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ таҳти №61178 бо моддаҳои 237 қисми 3 (Авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ), 328 қисми 1 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330 қисми 1 (Таҳқири намояндаи ҳокимият)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст”.

Назари Султоншоев ва наздикони ӯ дастрас нест, вале бино ба иттилои милитсияия, “номбурда санаи 04.11.2020 сол, тахминан соатҳои 21.00 дақиқа ба ҳамроҳии 3 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта Шабонов Ҷамшед Шокирҷонович, Зикиллобеков Сино Файзиллобекович ва Ақназаров Ақназар Алиназарович тавассути автомашинаи сабукрави тамғаи “Тойота”, аломати қайди давлатиаш 0005АА04 ба назди дидбонгоҳи доимоамалкунандаи БДА дар деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон ҳозир гардида, нисбати кормандони милитсия, ки дар иҷрои вазифаи хизматӣ қарор доштанд, дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”.

Илова бар ин, нисбати дастгиршуда Султоншоев Хуршедшо Мамадасанхонович аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ таҳти №38555 аз 06.04.2020 сол бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) бинобар сабаби даст доштанаш дар хариду фуруши воситаҳои нашъадор оғоз карда шудааст.

Аз санаи 24.02.2021 сол нисбаташ парвандаи ҷустуҷӯӣ таҳти №4355 оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.

“Қаблан аз ҷониби Прокуратураи ВМКБ ба Султоншоев Хуршедшо якчанд маротиба даъватнома ҷиҳати ҳозир шудан барои пурсиш фиристода шудааст, вале номбурда аз даъват саркашӣ намуда, ягон маротиба ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир нашудааст. Гарчанде чандин маротиба ҷиҳати ихтиёран ба мақомот ҳозир шудан, ки ҳангоми таъиноти ҷазо ин ҳолат ҳамчун ҳолати сабуккунанда ба назар гирифта мешавад, огоҳ гардида бошад ҳам, аммо ӯ онро рад намуда буд. Ҳоло ҳаракатҳои тафтишотӣ аз тарафи Прокуратураи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад”, гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи Бадахшон.

Ба зидди худи Боқир низ мақомот бар асоси чанд банди қонун, аз ҷумла таҳқир ва латтукӯби намояндаи давлат парванда кушодаанд. Ӯ ба он айбдор мешавад, ки шоми 29 январ раиси идораи маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзовро латтукӯб ва аз маҳаллаи Бархоруғ, ки Наврӯзов дар ҳамин ҷо дар қабати чоруми бинои маориф зиндагӣ дошт, пеш кардааст. Худи Боқир ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, “бо муаллим фақат як суҳбати падарона анҷом дода буд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button