ВидеоКоррупсия

ТАЛАБИ ПОРА БАРОИ ИВАЗ КАРДАНИ ШИНОСНОМАИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ

Парвандаи Бузургмеҳр Буриев, сардори шуъбаи бақайдгирии корхонаи фаръии давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (собиқ МБТИ) дар ноҳияи Варзоб, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Буриев бар асоси қисми якуми моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба гирифтани пора айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 11 апрел дар шарҳи ин парванда гуфт: “Буриев Бузургмеҳр Хушмуродович дар вазифаи сардори шуъбаи бақайдгирии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Варзоб фаъолият карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани иқтибос ва варақаи бақайдгирӣ аз феҳрести ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ба манзили истиқоматии падараш инчунин мусоидат намудан баҳри иваз намудани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ маблағи 4200 сомониро талаб намуда, аз маблағи талабнамудааш 2700 сомониашро гирифта боз оварда додани боқимонда 1500 сомонии дигарро талаб намуд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Буриев Б.Х. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 1500 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд”.

Ба Буриев Бузургмеҳр бар асоси қисми якуми моддаи 319  барои гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор барои иҷро кардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ҷарима ба андозаи аз  3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ, ё 5 доллар) ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3 сол таҳдид мекунад.

Корхонаҳои  давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (МБТИ), ки ба ҳуҷҷатгузории манзил ва дигар молу мулки ғайриманқули мардум машғул мебошанд, яке аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button