ВидеоТоҷикистон

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН: БАРКАНОРИИ СУБҲОНЗОДА, НАИМЗОДА ВА…

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 апрел дар вазоратҳои маориф ва илм, молия, агентиҳои назорат дар соҳаи маориф ва илм, хоҷагии ҷангал, беҳдошти замин ва обёрӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Аз ҷумла Субҳонзода Икром Субҳон бо қарори ҳукумат аз вазифаи мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон озод гардида, бо фармони президент мудири Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таъин гардид.

Бо қарорҳои ҳукумат, Абдулзода Зиёдулло Назар – муовини вазири маориф ва илм, Усмонзода Аюб Ислом – ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Қурбониён Сарвар Собир – муовини вазири молия, Неъматулло Назарзода Иброҳим мудири агентии ҷангал ва Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат мудири Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи вазорати молия таъин карда шуданд.

Раҳматзода Муродалӣ Ботур ба ҷои Ҳакимзода Ҳотам Рустам, ки аз олам чашм пӯшид, роҳбари Маркази татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» таъин карда шавад. Мадина Набизода аз мақоми мудири мактаби президентии шаҳри Бӯстон ва Набизода Наим аз мақоми мудири агентии ҷангал озод карда шуданд. Дар мавриди ҳарду гуфта шудааст, ки “бино бар ба вазифаи дигар гузаштан” барканор шудаанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои навтаъйин аз онҳо хостааст, ки “бо дасту дилу нияти пок ба Ватан ва миллат хизмат намоянд, дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд ва вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона иҷро намоянд”.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф
ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Субҳонзода И.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Субҳонзода Икром Субҳон директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
11 апрели соли 2022
№374

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 11 апрели соли 2022 №162
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии авиатсияи
граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Субхонзода И.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Субҳонзода Икром Субҳон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 11 апрели соли 2022 №163
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Муассисаи
давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои
хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон»
озод намудани Набизода М.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Набизода Мадина Раҳмат бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 11 апрели соли 2022 №164
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини директори Агентии
хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Набизода Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Набизода Наим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 11 апрели соли 2022 №165
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи роҳбари Маркази татбиқи
лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара»
озод намудани Ҳакимзода Ҳ.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҳакимзода Ҳотам Рустам бинобар вафоташ аз вазифаи роҳбари Маркази татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 11 апрели соли 2022 №166
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъйин намудани Абдулзода З.Н.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдулзода Зиёдулло Назар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 11 апрели соли 2022 №167
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири
молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъйин намудани Қурбониён С.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қурбониён Сарвар Собир муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 11 апрели соли 2022 №168
ш. Душанбе

Дар бораи директори Агентии рушди бозори коғазҳои
қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдураҳмонзода Н.Ш.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 11 апрели соли 2022 №169
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров» таъин
намудани Усмонзода А.И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Усмонзода Аюб Ислом ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 11 апрели соли 2022 №170
ш. Душанбе

Дар бораи роҳбари Маркази татбиқи
лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара»
таъин намудани Раҳматзода М.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳматзода Муродалӣ Ботур роҳбари Маркази татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 11 апрели соли 2022 №171
ш. Душанбе

Дар бораи муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Зуҳурзода Б.Т.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Зуҳурзода Баҳрулло Тағой муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 11 апрели соли 2022 №172
ш. Душанбе

Дар бораи муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Назарзода Н.И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Назарзода Неъматулло Иброҳим муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button