ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

СОКИНОН: ПУЛҲОИ ФИРИСТОДАИ МУҲОҶИРОНАМОНРО ГИРИФТА НАМЕТАВОНЕМ (3 АКС)

Хонандагони пойгоҳи хабарии “Бомдод” бо ирсоли 3 акс аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хабар доданд, ки дар ин қисмати шимоли Тоҷикистон сокинон пулҳои фиристодаи азизони муҳоҷирашонро ба осонӣ гирифта наметавонанд.

Ба гуфтаи сокинон, қариб ягон банкомат дар Панҷакент дуруст кор намекунад ва онҳоеяш ҳам, ки кор мекунанд, аксари вақт пул надоранд, то ҳоҷати муштариёни бонкҳоро бароварда кунанд.

Дар нуқтаҳои интиқоли пули бонкҳо бошад, ба гуфтаи сокинон, навбатҳо хеле бузург шудаанд.

Дар аксҳои аз Панҷакент фиристодашуда дида мешавад, ки мардуми зиёде барои гирифтани пулҳои аз Русия фиристодаи азизони муҳоҷиронаш дар толори бонки “Эсхата” навбат поидаанд. Вале навбат барои гирифтани пул танҳо бо издиҳоми дохили толор тамом намешавад. Дар акси дигар мебинем, ки сокиноне, ки дар дохили толор нагунҷиданд, дар берун, дар канори роҳ рӯи замин нишаста, мунтазиранд, ки кай навбати даромадан ба бонк барои онҳо ҳам хоҳад расид.

Чунин навбатҳо барои гирифтани пул ва мушкили банкоматҳои бепул, тавре аз шикоятҳои мардум бармеояд, аз аввали моҳи апрел дар дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад.

Бонкҳо то кунун сабаби ба вуҷуд омадани чунин навбатҳои тӯлонии сокинон барои гирифтани пулашонро расман ягон шарҳ надодаанд. Вале афроди огоҳ аз воқеияти ҳол мегӯянд, сокинон, ки то кунун ба сабаби паст будани қурби пули Русия пулҳои бо азоб дар мусофират коркардаи азизони муҳоҷири худро иваз намекарданд, дар пайи якбора боло рафтани қурби рубл ҳама ба бонкҳо рехтанд, то пулҳои барояшон аз Русия ирсолшударо акнун бо қурби хуб иваз кунанд.

Ин ҳолат боиси ба вуҷуд омадани камбуди пули нақд дар бозор шудааст ва ба ин далел, бонкҳо низ наметавонанд сари вақт пули ҳамаи муштариёни хоҳишманди гирифтани пулҳояшонро надоранд ва ҳам ба ҳамин далели башиддат афзудани талабот ба пули нақд наметавонанд сари вақт банкоматҳои худро бо пули нақд пур кунанд.

Ёдовар мешавем, қурби рубли Русия, ки дар поёни моҳи феврал ва аввали моҳи март дар пайи оғози ҷанги Русия бо Украина, ба қавле, ба замин зада буд, инак тақрибан се ҳафта боз рӯ ба боло овардааст ва танҳо дар 4 рӯзи охир нисбат ба сомонӣ қурби рубл боз 14 фоизи дигар боло рафта, рӯзи 11 апрел ба қуллаи рекордии 171 сомонию 50 дирам барои 1000 рубл расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button