ВидеоҶомеа

“РАХШ ТАКСИ” 315 ҲАЗОР ҚАРЗИ РОНАНДАИ АВТОБУСРО ДОД (ВИДЕО)

Канали Қурбон Неъматов дар Ютуб шоми 10 апрел хабар дод, ки дар байни ҳамагӣ 2 рӯз мардум барои Назар Назаров, як ронандаи автобус, ки якбора 7 мошини таксиро зада буд, он қадар кумаке ҷамъ шуд, ки ҳам барои тармими автобусу мошинҳои осебдида кифоят мекунад ва ҳам барои сохтани як хонаи нави дуқабата ба ҷои кулбаи хеле фақиронае, ки ин ронандаи бечора ҳамроҳи падару модараш дар он зиндагӣ мекунад.

Қурбон Неъматов ва рафиқонаш шоми 10 апрел ба хонаи Назар Назаров омада, дарзаҳои пулро пеши онҳо гузоштанд ва гуфтанд, ин танҳо кумакест, ки аз мардум ҷамъ шудааст. Қурбон Неъматов маблағи ҷамъомадаро гуфта натавонист. Ӯ танҳо гуфт, “як қиёмат аст, бо ин пул акаи Назар метавонад ин хоначаашонро чаппа карда, дар ҷояш як хонаи дуқабата бисозад ва барои  ин бобоям (манзураш падари пири ронанда) як диван ҳам бихарад, ки мӯсафед роҳат кунад”.

Аммо, афзуд Қурбон Неъматов 315 ҳазор сомонӣ (наздики 25 ҳазор доллар) пулеро, ки Назар Назаров бояд барои тармими автобус ва мошинҳои осебдида пардохт мекард, ширкати “Рахш такси” (Таксии 3333)  пурра ба дӯши худ гирифтааст. “Мо ҳамроҳи акаи Назар меравем ва он пулҳоро як-як байни ронандагони таксиҳои осебдида тақсим мекунем”, гуфт блогер.

Падару модари Назар он қадар ба риққат омада буданд, ки ҳар лаҳза гаштаву баргашта ба мардуме, ки дар ин рӯзи сахт дасти онҳоро гирифтанд, дуои нек медоданд.

Видеои қаблӣ дар канали Қурбон Неъматов дар бораи зиндагии хеле фақиронаи хонаводаи Назар Назаров мавҷи вокунишҳоро ба бор овард.

Дар видео дида мешуд, ки Назар Назарови 36сола бо падару модари пири барҷомондааш дар як кӯлбаи тангу хароба ба сар мебаранд. Модараш бо гиряву нола нақл кард, ки писараш аз ронандагии автобус ҳар рӯз ҳамагӣ пули 4 ило 5 нон кор мекарду ба хона меовард, вале имрӯз ба гарданаш товоне бор шудааст, ки онҳо дар умри худ чунин пулро ёфтаву пардохта наметавонанд.

Номи Назар Назаров рӯзи 2 апрел баъди он вирди забон шуд, ки ӯро ҳангоми мусофиркашонӣ дар хатсайри №33 сари чанбари фармони автобус хоб бурд ва Назар бо автобусаш дар назди Донишгоҳи тиббӣ дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази пойтахт якбора 7 мошини таксиро пахш кард.

Худи ӯ мегӯяд, рӯзи аввали моҳи Рамазон буд ва ӯи носкаш, ки рӯзадор буд, сахт хумори носаш гирифта буд ва ба ҳамин далел,  лаҳзае ғанабаш бурдааст. Лаҳзае, ки барои ин ронандаи бечора хеле вазнин афтод.

Ба ӯ барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар роҳ ҳамчун ҷазо ҷарима ҳаҷми аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 1280 то 1920 сомонӣ) таҳдид мекунад. Вале ба ҷуз аз ҷарима бо қарори додгоҳ бояд маблағи зиёни ба 7 такси расондаашро ҳам барқарор кунад. Аз ин 7 мошин сеяш осеби зиёд дидаанд.

Бар асоси санади тартибдодашуда, танҳо барои тармими автобус беш аз 33 ҳазор сомонӣ лозим  буда, дар умум барои мошинҳои осебдида Назар бояд 315 ҳазор сомонӣ месупурд.

Дар видео яке аз ронандагони зарардида гуфт, ки ӯ  баъди дидани шароити зиндагии оилаи ронандаи автобус ба хотири моҳи шарифи Рамазон аз баҳри талаби товон гузашт, вале чанд ронандаи дигар, ки аз бонк қарз гирифта, мошини такси харида будаанд, гуфтаанд, зӯрашон барои тармими мошинҳои осебдида намерасад.

Худи Назар бо он зиндагии фақиронае, ки дорад, низ қуввати пардохти пули тармими ин мошинҳоро надорад.

Ба ин далел, аз мардум хостанд, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон ба ин ронандаи автобус барои пардохти пули зарари расондааш дасти кумак дароз кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ман пеша аз ҳама ба он блогер бо исми Қурбон Неъматов изҳори сипос мекунам, ки тавонист дар як муддати кутоҳ як хонаи пурғаму кулфатро пур аз шоди кунад. Ин мард коре кард,ки даҳҳо нашрияҳои шахсии мо дар якҷояги бо “командаҳои пурқуввати” худ карда натавонистанд. Раҳмат, Қурбон бародар!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button