ВидеоИқтисод

ҚУРБИ РУБЛ ДАР ТОҶИКИСТОН РЕКОРДИ НАВ ГУЗОШТ: 171,5 СОМОНӢ БАРОИ 1000 РУБЛ!

Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии рубли Русияро барои муомилаҳои молиявии рӯзи душанбе, 11 апрел дар ҳадди барои пули Русия рекордии 171 сомонию 50 дирам барои 1000 рубл муқаррар кардааст. Рӯзи панҷшанбе, 7 апрели ҳафтаи гузашта қурби расмии 1000 рубл 150 сомонию 60 дирам ва рӯзи ҷумъа, 8 апрел 163 сомонию 40 дирамро ташкил медод. Ба ин тартиб, танҳо аз 7 апрел ба ин тараф қурби рубл нисбат ба сомонӣ ба андозаи 14%, ё 21,1 сомонӣ барои 1000 рубл боло рафтааст.

Ва аммо Бонки миллӣ қурби доллару евроро дар ин рӯзҳо бетағйир: 12 сомонию 50 дирам барои як доллар ва 13 сомонию 57,75 дирам барои як евро муқаррар кардааст.

Ва аммо дар бонкҳои Тоҷикистон, тавре аз сомонаҳои расмиашон бармеояд, қурби рубл феълан хеле пойинтар аз қурби расмиест, ки Бонки миллӣ муқаррар кардааст.

“Ориёнбонк” барои 1000 рубл ҳамагӣ 140 сомонӣ, бонки “Эсхата” 146 сомонӣ ва ташкилоти хурди депозитии “Ҳумо” 156,6 сомонӣ пешниҳод мекунад. “Амонатбанк”  аз ширкатҳо 1000 рублро бо қурби 160 сомонӣ мехарад, вале  менависад, ки шаҳрвандон метавонанд 1000 рублро бо қурби расмӣ: 171 сомонию 50 дирам иваз кунанд.

Қурби рубл баъди 24 феврал, яъне баъди шурӯи ҷанги Русия бо Украина дар баробари асъори дигар ба шиддат пойин рафт ва то ба ҳадди аз 80 то 90 сомонӣ барои 1000 рубл пойин омада, қурби доллар баракс як муддат ҳатто то ба 150 рубл расид. Вале сар аз нимаи дуюми моҳи март, бавижа баъди талаби президенти Русия Владимир Путин дар мавриди бо рубл фурӯхтани газ, қурби рубл рӯ ба боло овард.

Болоравии қурби рубл дар баробари сомонӣ як фурсати хубе барои муҳоҷирони тоҷик аст, то пасандозҳои рублии худро иваз кунанд. Дар рӯзҳое, ки қурби рубл хеле пойин рафта буд, дили бисёре аз муҳоҷирони тоҷик ва хонаводаҳои онҳо намешуд, ки пулҳои бо азоб ҷамъовардаи худро бо қурби паст иваз кунанд.

Соли гузашта аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар пул фиристода буданд. Пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ аз Русия як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳои тоҷик ва як чархаи пешбари аробаи иқтисоди Тоҷикистон дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button