Дин ва боварҳо

ПИРИ МУҶАХАРФ ВА ВИЖАГИҲОИ ТАФАККУРИ ИРФОНӢ

Иҷобатулло АКРАМӢ

Мулоҳизаҳо ҷиҳати истиқбол аз равияҳои тасаввуфӣ дар Кӯҳистони Бухорои Шарқӣ ва пазироии таълимоти Баҳоваддини Нақшбанд дар садаи гузашта бо дарназардошти иртиботи минтақаҳо бо марказҳои тамаддуни ҳамонвақта

Шайх Абдулҳай Муҳаммадсобири Абдулазим мулаққаб ба Муҷахарфӣ (1867-1931) аз чеҳраҳои басе намоён ва тавсеаёфтаи ҷомеаи Тоҷикистон дар садаи сипаришуда маҳсуб гардида, дар ҳунари хаттотӣ ҳамто надоштааст. Бинобар ҳаводиси солҳои сӣ дар қарни XX номбурда мавриди ситез ва ба ҷазои қатл аз ҷониби ҳукумати Шӯравӣ маҳкум шуда, соли 1931 дунёро падруд гуфтааст, аммо дар ин нигошта камина тасмим гирифтам ба зиндагиномаи мавсуф напардохта, бештар ба андеша ва дидгоҳҳои ӯ рӯоварӣ кунам ва ҷиҳати баррасии низоми ақидавии Муҷахарфӣ камари ҳиммат бибандам.

Осори барҷомондаи Муҷахарфӣ аз майли ӯ ба тасаввуфи исломӣ гувоҳӣ медиҳад, шояд аз ҳамин ҷиҳат аст, ки номбурдаро зимни муроҷиат шайх мегуфтаанд. Дар кутуби луғат ин вожа ба маънии хоҷа ва пир омадааст ва бо ҳамин далел метавон хулоса кард, ки Муҷахарфӣ дар муҳити хеш маънаван таъсиргузор будааст на таъсирпазир. Мавсуф алорағми пайвандон, ки ба равияи қодирия таваҷҷуҳ доштанд, ба тариқати Баҳоваддини Нақшбанд гиравида, чун ӯ касбу кор ва иштиғолро барои пайравони хеш ҳатмӣ медонист ва шояд ҳамин омил сабаб шуд, ки Муҷахарфӣ мероси адабиву ирфонии хешро худ бо хатти настаълиқ китобат кард, чунки мавсуф дар ҳунари хаттотӣ маҳорати қобили қайд дошта, ба вижа хати шикастаро бо ҳунари воло китобат менамудааст. Гузашта аз ин, осори манзумаш бо унвонҳои ба арабӣ тааллуқдошта мисли “Муфизу-л-анвор”, “Канзу-л-мавоиз”, “Далелу-с-соликин” ва “Муфиду-л-муъминин” иборат буда, далели ба таолими сӯфия пардохтани нигорандаро исбот мекунад. Муосирин ба тасаввуф, хосса ба тасаввуфи исломӣ дидгоҳҳои мухталиф доранд ва муҳаққиқин низ ҷараёни мазкурро пӯшише ҷиҳати ибрози ақоиди зидди арабӣ (аниқтараш зидди исломӣ – И.А) итлоқ намудаанд, аммо муҳтавои манзумаҳои Муҷахарфӣ чунин нигоҳи уламои Шарқу Ғарбро мункир аст ва масъалаи ирфониро дар шинохти аҳадият манзур менамояд. Илова бар ин, дар мероси ирфонии Муҷахарфӣ аносири гӯшанишинӣ ва дур кардани хеш аз ҷомеа, ки ғолибан дар маслакҳои маломатия ва қаландария мушоҳида мешаванд, вонамехӯрем, чунки таълимоти Баҳоваддини Нақшбанд бар ин асос баррасӣ мешавад: “Ба зоҳир бо халқу ба ботин бо ҳақ”, яъне зоҳиран, бо ҷамъият бошу ботинан дар зоти ҳақ таҷаллӣ бинмо. Дар ин маврид донишманди маскуни Муҷахарф дар оғози манзумае, ки “Девони ашъор” унвонгузорӣ шудааст, меоварад:

Ходим ба аҳли ҳоламу бо аҳли қол ёр,

Лекин ба қилу қол маро нест майлу кор [1, с.34].

Аксар вожаҳое, ки ҷиҳати ошноии аҳли тасаввуф истифода мешаванд, ба масоили зистан ва вижагиҳои он аз қабили рағбат ба аносири дунявиро қабул надоранд ва хоҳем-нахоҳем, дар осори мутасаввифа истилоҳи дунё ба маънии ғафлат ва ё дар ҳоли нохудогоҳӣ қарор доштан муаррифӣ шудааст. Муҷахарфӣ низ чун соири аҳли тасаввуфи исломӣ бар ин бовар аст, ки ҷаҳон мисли банд инсонро гирифтор мекунад ва намегузорад то холиқи худро маърифат бинмояд. Номбурда бо ҳамин ҳадаф ба иншо намудани афкор мепардозад ва омили нигоштани “Девони ашъор” – ро чунин шарҳ додааст:

Дил ба каф оварда мазмуни зи хотир ҷастаро,

Вокушоям бо сухан акнун лаби вобастаро.

То бино созам имороти латофатҳои табъ,

Зинате бидҳам барои нозирон гулдастаро [1, с.66].

Ҳастӣ аз дидгоҳи Муҷахарфӣ кӯтаҳтарин муддатест, ки инсон дар он ба лаззати инҷаҳон бояд дода нашавад, чунки агар онро таҳқиқ намоӣ, пас ба хулосае хоҳӣ омад, ки гирифторӣ бинобар рағбат доштан ба хушиҳои зиндагӣ ҷиҳати аҳдофи худошиносӣ монеаҳо эҷод мекунад ва ҳар кӣ дар дунё рағбат дорад, бегумон аз лаззати маърифати Худо маҳрум мемонад. Масалан, ғазали зайл, ки зиндагиро “серӯза ҳастӣ” пиндоштаву ишрати дунёиро аз анвои ҳамоқат медонад:

Дар ин серӯза ҳастӣ фикри ишрат аблаҳӣ бошад,

Чӣ бандӣ дил ба умре, ки намояд чун сароб он ҷо.

Ба афлоки тафаккур дидаи таҳқиқ бикшойӣ,

Маҳи рухсораи дилдор бинӣ беҳиҷоб он ҷо.

Касе дар гулшани кӯяш наёбад роҳ, Абдулҳай,

Магар, ки булбули сӯзи дилу ҷони хароб он ҷо! [1, с.67].

Мавзӯи муқоисаро идома дода, Муҷахарфӣ дунёро бевафо мегӯяд ва ишқи дунёро сазовор ба мардони дилогоҳ намедонад, аммо масъалаи дунё ва дунявият дар осори бузургони илму дин хеле барҷаста матраҳ ёфта, зимни баррасии он аносири марбут ба дунё бо авомили динӣ мавриди қиёс қарор мегиранд. Инак, он байте, ки дар “Девони ашъор” маҳфуз аст:

Ин ҷаҳони бевафо бо кас намемонад давом,

Ишқи дунё кай сазад мардони дилогоҳро [1, с.124].

Ҳамин гуна дидгоҳҳоро дар мероси хаттии ниёгон бештар вомехӯрем, ки тибқи бархе муҳаққиқон дунёро мазаммат намудаанд, аммо инҷониб дар ин андеша ҳастам, ки дунё мазаммат нашудааст, балки он чун вожае аз тариқи таҳлили ирфонии хеш ба ғафлат ташбеҳ ёфтааст. Масалан, дар абёти Маснавии маънавӣ:

Ин ҷаҳон зиндону мо зиндониён,

Ҳафра кун зиндону худро вораҳон.

Чист дунё? Аз Худо ғофил будан,

Не қумошу нуқраву фарзанду зан [5].

Яъне, инсон бояд дунёи хешро дошта бошад ва барои расидан ба он ӯро мебояд ҷаҳонро ҳафра карда, ҷиҳати раҳонидани хеш аз зиндон ҷаҳд бинмояд, чунки дунё ғафлат аз Худост, на он ки аксар инсонҳо гумон мебаранд, ки дунё зару нуқраву фарзанду зан аст.

Дигар вижагиҳое, ки дар ирфон ғалаба кардаанд, ин худогоҳиест бидуни донишпажӯҳӣ ва худшинос метавонад инсоне бошад аз хатту имло бехабар ва баръакс, инсоне, ки донишҳои фаровонро соҳиб аст, метавонад ба худшинохтӣ нарасида, дар зиндони ғафлат қарор бигирад. Муҷахарфӣ дар ин маврид ҳатто ба Афлотуну Фахри Розӣ ҳадс зада, бори дигар истинбот месозад, ки асли худошиносӣ ақлу хирад нест, балки ишқу ирода аст:

Нагардад мункашиф аз қилу қоли аҳли зоҳир ҳол,

Зи пургӯйӣ ба дилҳо ҷуз сиёҳӣ нест ҳосилҳо.

Агар аз дониши бисёр гаштӣ маърифат ҳосил,

Бигаштӣ Фахри Розӣ подшоҳи кишвари дилҳо.

Нишони роҳи ирфонро зи Афлотун чӣ меҷӯйӣ?

Ки пойи ҳикматаш лағжида дар ин роҳ дар гилҳо.

Ба ҷуз аҷзу тазаррӯъ, нолаи ҷонсӯзи ними шаб

Дигар чизе нахоҳӣ ёфт мифтоҳи дари дилҳо.

Ба сӯйи кӯйи ирфонӣ агар хоҳӣ, ки раҳ ёбӣ

Зи баҳри сӯҳбати соҳибдилон кун қатъи манзилҳо [1, с.69].

Тасвири дигаре аз шеъри сӯфиёна инъикос шудани шароб аст, ки инсон бинобар нӯшидани он бехуд гардида, маст мешавад, аммо суфиён муҳаббату мастии худро аз самимият бо маъшуқ ба мастӣ аз шароб ташбеҳ кардаанд. Аммо Муҷахарфӣ баъзан даъват ба амал оварда, мастиву ғафлатро маҳкум мекунад ва дар ин ҷода сабки навишти ӯ ба манзумаҳои Мавлоно Иқболи Лоҳурӣ монанд мешаванд. Барои мисол дубайтии зайлро аз ғазале, ки дар “Девони ашъор” вомехӯрем, кишт хоҳем кард:

Ай ба қайди худ гирифтор, аз чаҳи мастӣ баро,

Гар наӣ аз ҷинси маъҷуҷ, аз сади ҳастӣ баро.

В-ай ба хоб олуда мижгон, чанд аз ин хоби ғурур,

Дида аз хоби гарон бикшой, аз сустӣ баро [1, с.86].

Тасвири мазкур гувоҳ бар он аст, ки Муҷахарфӣ алорағми соири мутасаввифа ҷои хостани шароб ва эътирофи мастӣ онҳоро қабул надорад. Масалан, дар “Ғазалиёти Шамси Табрез” мастӣ ба шинохти Маҳбуб шабеҳ аст. Чунончи:

Шароби шираи ангур хоҳам,

Ҳарифи сархуши махмур хоҳам.

Маро бӯйе расид аз бӯйи Халлоҷ,

Зи соқӣ бодаи Мансур хоҳам [6, с. 263].

Дар осори орифонаи Муҷахарфӣ хостани бодаи мадҳушкунанда яке аз роҳҳои таҷаллии инсон аз ваҳдати хеш бо Холиқ аст ва байти зер бештар ҳамон маъниро медиҳад, ки қаблан Мавлоно Ҷалолуддин дар “Гузидаи ғазалиёти Шамс” ҷиҳати баррасии пешаи Мансури Халлоҷ иброз намудааст:

Ошиқонро рӯзу шаб ёди ҷамоли ёр хуш,

Орифонро боданӯшӣ аз хуми асрор хуш [1, с. 284].

Аз ин баррасӣ бармеояд, ки сабки навишти Муҷахарфӣ дар баробари тасаввуфи ошиқона боз таҳқиқи мантиқиро низ соҳиб мебошад. Мавриди баррасӣ ва зери тозиёнаи танқид қарор додани афрод аз зумраи тасвирҳое мебошанд, ки дар осори ҳар фарде аз афроди ҷомеа ба назар мерасад, аммо таҳқиқи ашхосе, ки унвонҳои хоссаро соҳибанд, на дар ҳар осор мушоҳида мешавад. Муҷахарфӣ дар ғазале аксар унвонҳоро бидуни муболиға инъикос намудааст, ки инчунин ҳақиқатнигорӣ дар осор ва мероси бузургон мушоҳида мешаванд. Масалан, байтҳои зерин, ки кӣ будани қозиву муфтӣ, ошиқу шайхҳоро воқебинона тасвир мекунанд:

Қозӣ ба ришва мойилу муфтӣ мутеъи нафс,

Ошиқ ба муҳри тангаву бо ҷомаи заранд…

Оё чӣ фитна аст, ки иблиссиратон

Шайханду раҳнамову на раҳбин, на раҳбаранд [1, с.201].

Ҷоиз ба тазаккур аст, ки чунин сабки навишт ба Иқболи Лоҳурӣ хос аст, агарчи мавсуф агар дар овони булуғат майл ба ваҳдати вуҷуд дошта буд, аммо пасон зимни андешарониҳояш иртибот доштани хешро бо тасаввуф инкор менамояд ва чунонки ӯ мегӯяд:

Шайхи ӯ лурди фарангиро мурид,

Гарчи гӯяд аз мақоми Боязид… [7].

Аксар ғазалҳои Муҷахарфӣ, ки дар “Девони ашъор” ба чашм мехӯранд, муҳтавои ишқӣ дошта, бори дигар исбот мекунанд, ки номбура пайгирӣ аз тасаввуфи ошиқона кардааст. Бояд мутазаккир шуд, ки урафоро “дӯстони Худо” ва дар арабӣ “авлиёуллоҳ” гуфта, ин вижагиро нисбат ба онон қоиланд, ки онҳо ғолибан дар садади ислоҳи дунё бармеоянд, ё ин ки аз дунё канорагирӣ мекунанд. Аҳли тасаввуф байни ду қутб қарор доранд: тарс аз Худо аз як сӯ ва умед ба растагорӣ аз сӯйи дигар ва чунин равобити суфия бо Парвардигор ногузир ба ишқи илоҳӣ табдил ёфта, дар он Худо ба унвони Маҳбуб пазируфта мешавад. Барои мисол ба ин байт мутаваҷҷеҳ бошед:

Ошиқи ёрам, надонам кӯйи дилдорам куҷост!

Булбули ишқам, намедонам, ки гулзорам куҷост! [1, с.164].

Ҷойи дигар ва дар дигар ғазале, ки дар “Девони ашъор” вомехӯрем, мусанниф ба ҳайси ориф масъалаи хилватро ёдоварӣ мекунад ва зимни баррасии ин вожа дар китоби “Ғиёс-ул-луғот” чунин омадааст: “ба маънии тиҳӣ шудан ва танҳоӣ ва холӣ шудани макон аз ғайр ва хилват ба истилоҳи сӯфиён дуним рӯз бошад, ки дар гӯша нишинанд барои ибодат” [8, с. 310]. Аммо дар байти зер, ки дар куллиёти Муҷахарфӣ мебинем, ишқи илоҳӣ тавассути хилватгузинӣ матраҳ ёфтааст:

Ошиқонро, ай муҳиббон, хилвати танҳо хуш аст,

Бо дили фориғ намудан ёди он якто хуш аст [1, с.182].

Муҷахарфӣ бар ин ақида устувор аст, ки инсон мавҷуде маънавист ва ҳар кӣ бӯйи одамӣ дорад, танҳо тавассути ниҳодҳо ва ормонҳои маънавӣ шинохта шуда, дар ӯ инсоният ошкор мегардад, аммо зоҳири башар фақат ниқоб аст, ки пайваста тағйир мехӯрад ва бо ҳамин далел метавон гуфт, ки инсоният дар ниҳод ва ботин нуҳуфтааст. Дар ин мавзӯи баҳснок Муҷахарфӣ чунин ақида пешниҳод кардааст:

Он ки бӯйи одамӣ дорад, дар ин олам кам аст,

Мезанад дар ишқ лоф он ки ба чашмаш нам кам аст.

Насли одам гарчи бисёр аст дар рӯйи замин,

Бингарӣ бо дидаи таҳқиқ агар, одам кам аст [1, с.175].

Мавзӯи зайл бинобар рӯзмарра будани худ дар муҳити иқомат ва сатҳи ҷаҳонбинии Муҷахарфӣ нуфуз карда, дарди дарунии шоирро тасвир менамояд. Зистан дар ҷомеа ва такаллум бо оммиву орифи он барои инсонҳои худогоҳ душвор аст, чунки бехабарии дигарон ва дар ғафлати том қарор доштани онҳоро агар як сӯ гузошта, ба сатҳи фарҳанг ва вижагиҳои ҳувияти миллии онҳо мутаваҷҷеҳ шавем, бидуни тардид ғам дар ниҳодҳо ҷойгузин мешавад ва дар зеҳн ин ақида ҳувайдо мегардад, ки аксар афроди ҷомеа одамсуратанд ва аммо аз лиҳози сират номи одамиро ба онҳо нисбат додан номумкин аст. Шояд ҳамин омилҳост, ки Муҷахарфӣ тафовуте байни онҳо ва сутурон намебинад ва дар ин замина ба накӯҳиши афроди бехабар мепардозад. Масалан, иқтибоси абёт аз ғазале ҳарфҳои зикршударо истинбот мекунанд:

Ай дареғо, мардумон аз кӯрии ботин ҳама,

Раҳнамову роҳзан аз ҳам набишносанд дӯш.

Одамизоданд, ё аз насли ҳайвонот, чун

Панди қуръонӣ намегиранд ин мардум ба гӯш.

Гар бад-ин сон аст инсонӣ, ки мебинӣ ба халқ

Гову харро ин қадар мебошад аз идроку ҳуш.

Ё Раб, аз лутфат, ки аз қайди ҳавоям деҳ раҳо,

То набошам дар миёни мардумон тақвофурӯш [1, с. 282].

Муҷахарфӣ бо вуҷуди изҳори андеша ва баёни фикри бикр тасмим мегирад, ки инсонро аз лиҳози ботинӣ муаррифӣ кунад ва дар ин бобат сурудаҳои ҷолибе офаридааст. Масалан, ибораи “шодии боқӣ” далолат аз он мекунад, ки инсон бояд дар ҳама маврид дурандеш ва оқибатбин бошад, вагарна охурбин хоҳад гашт ва ҳар кӣ дар фикри хӯрдану хуфтан рӯзро шаб мекунад, дар ҳеҷ сурат ҷоиз нест то хешро одамизода пиндорад. Чунонки дар мисраҳои зер меоварад:

Бош, ай ақли ҳуҷаста, толиби асрори дил,

Гар матоъи шавқ мехоҳӣ, бирав бозори дил.

Дил бувад шоҳи ғарибе андар ин мулки вуҷуд,

Шодии боқӣ агар хоҳӣ маҷӯ озори дил [1, с. 315].

Сабки нигориши Муҷахарфӣ гоҳе саби Мавлои Румро ба хотир меорад, ки дар “Девони кабир” мехонем. Чунончи, дар гузидаи ғазалиёти Шамс ва алҳол ин байтро аз “Девони ашъор” – и Муҷахарфӣ меорем, ки қобили қиёс мебошад:

Ай Холиқи ҳар ду ҷаҳон, Мавлои ман, Мавлои ман,

Донои асрори ниҳон, мавлои ман, мавлои ман [1, с. 448].

Девони ашъори Муҷахарфӣ аз тедоди зиёди ғазалҳое муҳтаво пазируфтааст, ки вижагиҳои ошиқонаро доро буда, дар сатҳи басе писандида суруда шудаанд ва ишқи илоҳӣ мояи асосии он манзумаҳоест, ки шоир онҳоро бо қалами худ китобат кардааст. Аз ин хотир, метавон гуфт, ки ашъори ирфонии Муҷахарфӣ беш аз пеш нуфуз карда, бо гузашти айём ҳаводорони хешро пайдо хоҳад кард. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки куллиёти аз Муҷахарфӣ барҷомонда ба пажӯҳиши хоси муҳаққиқин ниёз дорад, чунки дар илми адаб навгонии дилписанде хоҳад буд ва ошноӣ бо афкори шоир имкон медиҳад ҷиҳати раванди андешаронӣ бобати чигунагии тасаввуфи исломӣ дар Кӯҳистони Тоҷикистон далелҳои навин мавриди баррасӣ қарор бигиранд. Тадқиқоти Алии Хуросонӣ ҷиҳати табъу нашри осори Муҷахарфӣ мухлисони шеъри ирфониро умедвор сохта, ба онҳо қудрат мебахшанд то дар минбаъда авқот тавонанд бо вижагиҳои сабку нигориши шоири ширинкалом ва ҳақиқатбаён ошноӣ пайдо намоянд. Маҳз осори шоироне чун Абдулҳайи Муҷахарфӣ, Хоҷа Ҳусайни Кангуртӣ ва дигарон, ки дар замони Шӯравӣ табъу нашри осорашон мамнуъ буд, илми адаби муосири тоҷикро тақвият дода, ин нуктаро тасдиқ мекунад, ки дар Бухорои Шарқӣ низ истеъдодҳои сатҳи ҷаҳонӣ кам набудаанд. Аксар вақт ба осори манзум бо диди шеъру шоирӣ менигарем, ки ин анъана аз аҳди Шӯроҳо ба мо мерос мондааст, дар ҳоле ки сартосари мероси хаттии Абдулҳайи Муҷахарфӣ ҳикматоро буда, ҷанбаҳои фалсафии он ҳануз ба баррасии комил эҳтиёҷ доранд. Бинобар ин, рӯоварии пажӯҳишгарон ба осори шоир кунун қонекунанда набошад ҳам, дар ояндаи наздик ин тамоил бидуни шак хоҳад афзуд, чунки ҳар асроре ниёз ба ошкоршавӣ дорад ва новобаста аз хостаҳои мову шумо таҳқиқи ҳамаҷонибаи осори Муҷахарфӣ анҷом мепазирад. Ногуфта намонад, ки мавсуф дар осори хеш шеърҳое дорад, ки онҳо дар як поя бо ғазалҳову дубайтиҳои шоироне чун Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ қарор мегиранд. Сабки Фахруддини Ироқӣ низ дар осори Муҷахарфӣ мушоҳида мешаванд ва махсусан, дар ғазалҳои ошиқонааш мавсуф ба ин мутафаккири мутасаввиф пайравӣ доштааст. Муҳтавои куллиёти Муҷахарфӣ аз ин асрор гувоҳӣ медиҳад, ки шоир бо аксар осори бузургон ошно будааст ва гоҳе дар пайравии онҳо ғазалҳои нотакроре эҷод намудааст. Аз ҷониби дигар, осори барҷомонда шаҳодат медиҳад, ки шоир бо донишҳои мушаххаси диниву дунявӣ шинос мебошад ва маҳз ҳамин донишҳои мукаммал Муҷахарфиро водор доштаанд то дар сатҳи воло шеър эҷод намояд.

АДАБИЁТ:

1. Абдулҳайи Муҷахарфӣ. Куллиёт. Дар ду ҷилд. Ҷилди 1, Душанбе, “Дониш”, – 2018, 795 с.

2. Абдулҳайи Муҷахарфӣ. Куллиёт. Дар ду ҷилд. Ҷилди 2, Душанбе, “Дониш”, – 2018, 699 с.

3. Абдулҳайи Муҷахарфӣ. Муфиду-л-анвор ва Девони ашъор, Москва, “Интрансдорнаука”, – 2003, 616 с.

4. Зарринкӯб А. Ҷустуҷӯ дар тасаввуфи Эрон, Душанбе, Ирфон, – 1992, 400 с.

5. Мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммад. Маснавии маънавӣ, Теҳрон, “Нашри Замон”, – 2001, 728 с.

6. Мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммад. Гузидаи ғазалиёти Шамси Табрез, Теҳрон, “Алҳудо”, – 1372 ҳ.ш., 561 с.

7. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Куллиёт, Душанбе, “Паёми ошно”, – 2008, 778 с.

8. Муҳаммад Ғиёсуддин. Ғиёс-ул-луғот, иборат аз се ҷилд, ҷилди 1, Душанбе, “Адиб”, – 1987, 480 с.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button