ВИДЕОИ “ОБЛАВА” –И ЯК ҶАВОН ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ
Дар як видеои кӯтоҳе, ки дар Интернет нашр шуд, ба эҳтимоли ғолиб лаҳзаи “облава”-и як ҷавон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе сабт шудааст. Ин видео мавҷи вокунишҳоро дар байни мардум ба бор оварда, бисёриҳо бори дигар аз мақомот хостаанд, ба чунин шеваи обрӯрезандаи маҷбуран аз кӯча доштану ба артиш бурдани ҷавонон хотима диҳанд.
Дар навор дида мешавад, ки ду ҷавони либоси мулкӣ дар тан, ки якеаш риш ҳам дорад, як ҷавони дар дасташ борхалтаи сафарро аз ду дасту китфонаш дошта, бо худ бурданианд. Ҷавон гардан намедиҳад ва аз атрофиён “инҳо кӣ бошанд? Ман намедонам…” Аз байни издиҳоме, ки билофосила дар ҷои ҳодиса ҷамъ шуд, чанд нафар гумони худро мегӯянд, ки “ин облава аст”. Вале он ҷавоне, ки ӯро бурданианд, мегӯяд, “охир ман хидмат кардагиам”.
Ин видео бо лаҳзае тамом мешавад, ки он ду нафар ҷавони дастгиршударо канор мебаранд.
Маълум нест, ки оё дар воқеъ ин нафарон ин ҷавонро бо мақсади ба артиш бурдан дастгир кардаанд ё асли гап дигар аст. Баҳори соли 2021 низ дар Интернет видеои боздошти як ҷавон нашр шуд, ки муаллифонаш мегуфтанд, ки ӯ “облава” шудааст. Вале баъдан РВКД Душанбе гуфт, дар асл ин амалиёти боздошти марде буд, ки ба узвият дар гуруҳи ифротӣ айбдор мешавад.
Вале ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад. “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава” –шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.
Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.
Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.
Даъвати баҳорӣ рӯзи 1 апрел оғоз ёфт ва алакай баъди чанд соат 5 ноҳияи водии Рашт, шаҳри Хоруғ ва боқӣ ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва боз чанд минтақаи дигари ҷумҳурӣ аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.