РУСИЯ САФОРАТИ АФҒОНИСТОНРО ДАР МАСКАВ БА ДИПЛОМАТИ ФИРИСТОДАИ ТОЛИБОН СУПУРД
Ҳукумати ташкилкардаи Толибон рӯзи 10 апрел ба ҳукумати Русия барои эътирофи дипломати фиристодаи “Аморати исломӣ” изҳор сипос кард.
Абдулқаҳҳор Балхӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Толибон дар Твиттер ҳамчунин хабар дод, ки “имрӯз сафорати Афғтонистон дар Маскав ба дипломати фиристодаи Аморати исломии Афғонистон супурда шуд”.
Абдулқаҳҳор Балхӣ ба дасти дипломати Толибон гузаштани сафоратро қадами муҳим дар роҳи таҳкими равобити дуҷониба ва ҳам дар амри арзаи хадамоти ба афғонҳои муқими Русия номид ва гуфт, “Аморати исломӣ ҳамчун ҳукумати машрӯъ ва қонунии Афғонистон ҳақ дорад идораи умури намояндагиҳои сиёсии Афғонистон дар хориҷ ва истифрори равобит бо дунёро ба дасти худ бигирад”.
Сафорати Афғонистон дар Маскав дар кӯчаи Поварская, №42 дар маркази пойтахти Русия ҷойгир шуда, то кунун дар дасти дипломатҳои ҳукумати қаблии ин кишвар қарор дошт.
Рӯзи чоршанбе, 6 апрел вазорати хориҷаи Русия бо ирсоли як нота ба сафорати Афғонистон дипломати фиристодаи Толибон Ҷамол Носир Ғарволро расман ҳамчун кордори нави сафорати Афғонистон дар Маскав эътироф кард. Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия инро “як қадам дар роҳи аз сар гирифтани тамосҳои дипломатии дуҷониба” номид, вале гуфт, “ҳарф задан аз эътирофи расмии режими Толибон дар Афғонистон ҳанӯз барвақт аст”.
Рӯзи 31 март вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров хабар дод, ки Маскав алакай аввалин дипломати фиристодаи ҷунбиши Толибонро, ки моҳи феврал ба Русия омад, сабти ном кардааст.
Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Русия ҳамчунин аз режими нави Толибон ситоиш кард ва гуфт, “бо вуҷуди камбуди таҷрибаи роҳбарӣ, маҳдудиятҳои молиявию иқтисодӣ ва фишри ҳарбию сиёсӣ аз тарафи Амрико ва муттаҳидонаш, маъмурияти нави Афғонистон дар умум аз уҳдаи дар ҳолати шино нигоҳ доштани кишвар баромада истодааст”. Ба ақидаи Лавров, “дар самти мубориза бо терроризм натиҷаҳои мушаххасе ба чам мерасанд. Дар соҳаи ҳимояти ҳуқуқи инсон талошҳое анҷом дода мешаванд. Кобул ба таври фаъолона рӯи густариши равобити дипломативу иқтисодӣ кор мекунад. Ин ҳама, бидуни шак ба эътирофи байналмилалии мақомоти нави Афғонистон мусоидат мекунад”.
Ҷангҷӯёни Толибон моҳи августи соли 2021 дар рӯзҳои хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти фармони Амрико ва НАТО аз Афғонистон қудратро дар ин кишвар ғасб карданд. Ҳукумати нави онҳоро то ҳол ягон кишвар расман эътироф накардааст. Вале бисёре аз бозигарони асосӣ дар арсаи Афғонистон, аз ҷумла Русия, бо режими нави Толибон тамосҳо барқарор кардаанд.
Тоҷикистон аз ангуштшумор кишварҳоест, ки ҳокимони нави Афғонистонро қабул надоранд ва талаб доранд, ки онҳо бояд дар ҳукумати худ ба дигар қавмҳои сокини Афғонистон, ба вижа ба тоҷикҳои он кишвар бояд ҷойгоҳи шоиста қоил шаванд.